Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

СУБҲИ БАҲОР

Чун ҷайби шаб зи панҷаи хуршед медарид,
Машриқ зи хоб хеста хамёза мекашид,
Оҳиста бод аз нафари субҳ мевазид,
Мешуд зи ҷилваҳои шафақ рангҳо падид.
Дар ҳусни навбаҳор.

Ҳастӣ ба расму сурати нав ранг мегирифт,
Бодаш зи чеҳра лаккаю ожанг мегирифт.
Оби зулол аз лаби ҷў занг мегирифт,
Мурғи саҳар ба авҷи нав оҳанг мегирифт.
Дар ҷўши рўзгор.

Тоби замин зи сабзаи навхез мефузуд,
Акси танаш зи пардаи зангор менамуд.
Аз ҷайби хеш тукмаи фирўза мекушуд,
Ҳуши само ба ҳусни дилангез мерабуд.
Мўъҷизкушо баҳор.

Наззораи ситораи рўз аст бар замин,
Тобад ба ранги тоза ба чашмони дурбин,
Нақше зи ҳар канору нигоре зи ҳар камин,
Чин афканад ба лаҳзаи падруд бар ҷабин.
Аз дил занад шарор.

Хезад насиму бўса ситонад зи рўи гул,
Ҳар ҷо бирезад аз нафаси хеш бўи гул.
Ҳаргиз зи бўса кам нашавад орзуи гул,
Чашми муроди меҳр бувад боз сўи гул.
Дар мавсими баҳор.

Ин субҳдам, ки муждаи наврўзиям расид,
Чун файзи навбаҳор дилафрўзиям расид.
Айёми Боқии тарабомўзиям расид,
Аз хирмани баҳори сухан рўзиям расид.
Шукронаи баҳор!

пешина
аз 163
навбатӣ