ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
ЛАФЗ
Маънист бурун зи қолаби лафз,
Резад шакару май аз лаби лафз.
Фаҳму сухану рамузи маънӣ
Чун рўз намояд аз шаби лафз.
Ҷуз маънии дил намудам изҳор,
Бар халқ набуда матлаби лафз.
Аз баҳри шунидани суханҳо
Гардида дилам мухотаби лафз.
Хоҳам ҳама дам бувад дурахшон
Дар чархи назора кавкаби лафз.
Эй Боқии толиби маонӣ,
Чун тифл бихон зи мактаби лафз.
ДАВОМИ МО
Ба ёдбуди ҳазрати Ҳофиз
Аз ишқи поку хуни дилу рўҳи пурҷило
Дар маърази баҳори ҳаётам сириштаанд.
Ҷони сухан ба қолиби маънӣ гирифт ҷо,
Бар ман хати барот бузургон навиштаанд.
Дарёдилон ба боли ҳумоям нишондаанд,
Ман ишқро чу шамси ҷаҳонгир кардаам.
Дар роҳи рўзгори навин ҷон фишондаанд,
Тақдирро чу қофия тағйир кардаам.
Аз санги хора лаъли нигин кардаам бурун,
Аз умқи баҳр дурру гуҳар баркашидаам.
Аз хусравон гузаштаву дар кўҳи Бесутун
Эъҷози нақши тешаи Фарҳод дидаам.
Аз сад ҳазор садди Сикандар гузаштаам,
Анқосифат ҳидояти парвоз кардаам.
Дамсози ҳар қабилаю ҳар халқ гаштаам,
Ифшои розу ҳамдамӣ оғоз кардаам.
Ман худ сурўши назмаму ҷўшу хурўши базм,
Ҷону ҷаҳони лафзаму оҳанги рўзгор.
Авҷи барори азмаму тиру камони разм,
Резад мудом аз нафасам накҳати баҳор.
Чун субҳдам ба ҷилваю мазмуни худ навам,
Дар аҳди дил ҷавонаму фирўзии ҳаёт.
Аз ҷон дамад ба вусъати офоқ партавам,
Ман Зўҳраро ба рақс кашам аз сари субот.
Ҳамроҳи модарон сари гаҳвора аллагўй
Будам барои роҳати фарзанд рўзу шаб,
Ҷонам ба ҷисми одамӣ аз шавқи ҷустуҷўй,
Одам бувад ҳамеша маро мабдаи насаб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё