ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Зимистон мазҳари сарсабзии фасли баҳорон аст,
Заминро роҳате аз гирудори рўзгорон аст.
Ба ҳам пайваста дар бому дари ў барфу борон аст,
Қарори рубъи маскун дар ниҳоди беқаророн аст.
Сафедию сиёҳӣ бохабар аз ранги якдигар
Ту медонӣ, зананд аз якдигар гармову сармо сар.
Азизам, умр агар бо фаслҳо андоза бинмоӣ,
Дари ҳар як ба рўи худ зи илму фазл бикшоӣ,
Ҷаҳонеро ба хулқи нек афрўзию ороӣ,
Бубинӣ умри бохосияту рўҳу тавоноӣ.
Агар хоҳӣ, ки фарзанди сазовори замон бошӣ,
Ба неруи хирад мушкилкушои одамон бошӣ!
ШЕЪР
Эй нури чароғи маҳфилам, шеър,
Созандаи ҳалли мушкилам, шеър.
Ҳамрози қалам туӣ ҳамеша,
Воқиф туӣ аз ғами дилам, шеър.
Бар дидани ҳусни дилрабоят
Ҳар рўзу шабона мойилам, шеър.
Наззораи гулшани латофат
Созам, ки ту будаӣ дилам, шеър.
Дар олами орзую уммед
Ҳаст аз ту муроду ҳосилам, шеър.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё