ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
РАФИҚ
Насими субҳи баҳор аз дили бузурги Ватан,
Расонд мужда ба ман ҳамчу қосиди мумтоз,
Зи шавқ нағмасаро шуд чу булбулон дили ман,
Ба тори мутриби моҳир бигашт ҳамовоз.
Хушо, ки табъи ҷавонӣ аз ин хабар шуд шод,
Қалам гирифта намудам суруру меҳр баён:
Рафиқи мўҳтарамам, ин шараф муборак бод,
Кушодӣ аз асарат боби нав ба Ҳиндустон!
ИСТЕЪДОДИ ХАЛҚ
Чун баҳорон гулфишон шуд боғи истеъдоди халқ,
Сад чаман болид аз ин санъати озоди халқ.
Бишнавед, эй дўстон, савту суруди халқро,
Аз дилу ҷон офарин хонем бар эҷоди халқ.
ЭЪҶОЗ
Оташ забона мезанад аз баҳри сўхтор,
То ки ба ҳар куҷо бирасад, сўзаду равад,
Хокистар аст ҳосили он шишта чун ғубор,
Дар лаҳзае зи мадди назар дур мешавад.
Эъҷозро бубин, ки шарарҳои озарӣ
Афрўхтанд дар дили мо шўълаҳо зиёд.
Шуд ҳосилаш рафоқату меҳру бародарӣ,
Дар лавҳи дил чу нақш бимонад, абад ба ёд!
ХЕШОВАНДОН
Фарқи ҳама мардумони дигар осон,
Лекин шуда мо ба ҳам чунон ҳам наздик,
Бинанда чунин савол орад ба миён:
– Эй ҷўра, бигў, ту ўзбакӣ ё тоҷик?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё