ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
ГУЛБАҲОР
Чун ба тарфи гулшани кўят гузар дорад баҳор,
Ҳамчу шабнам дар ҳавоят дур (р) ба сар дорад баҳор.
Ҳар баҳореро гулистон, ҳар гулеро булбуле,
Аз ҷамолат дам ба дам ранги дигар дорад баҳор.
Гар баҳор аз соғари ҳуснат нанўшидаст май,
Аз чӣ рў паймонаи пур аз шакар дорад баҳор!
Дар баҳорон оварад аз бўи гулзорат сабо,
З-он ҳавои шавқу гулҳоят ба сар дорад баҳор.
Лутфат аз ҷони назокат рехта дар коми ў,
Сад чаманзори латофат ҷилвагар дорад баҳор.
Гар гирифтори ҷамолат нест, ҳикмат чист, бас
Зардии рухсори гул чун оби зар дорад баҳор.
Ончунон аз файзи ин даврон тароват ёфтӣ,
К-аз тамошои ҷамолат баҳра бардорад баҳор.
ГУЛШАНИ БАХТ
Омад ба гулшани бахт фасли баҳор, бишнав!
Овози кабкҳоро аз кўҳсор бишнав!
Ҳар дам садои мурғон аз шохсор бишнав!
Аз боғу роғу саҳро савти ҳазор бишнав!
Ҷўшу хурўши меҳнат аз ҳар канор бишнав!
Гулҳо кашида қомат дар саҳни боғу бўстон,
Аз шўхии сабо, бин, гулғунча гашта хандон,
Шабнам ба чашми наргис чун кавкаби дурахшон,
Сархуш ба боғ сунбул, булбул шуда ғазалхон,
Яксар суруди шодӣ бо авҷи кор бишнав!
Ҳар субҳ лавҳаи нав дар зиндагӣ кушояд,
Файзу таровати нав бар чашми кас намояд,
Сад нашъаву латофат дар ҳар чаман фазояд,
Шоир ба меҳрубонӣ оҳанги нав сарояд,
Овози мутрибонро бо чангу тор бишнав!
Ҳар лаҳза боди форам аз рўи майса бўяд,
Оби зулол нозук рухсори сабза шўяд,
Бо ранги тозаву тар гул дар чаман бирўяд,
Дил баҳри ишқи дилбар тавсифи тоза ҷўяд,
Оҳанги шавқу шодӣ аз рўзгор бишнав!
Бингар, табиат имрўз аз баҳри халқи озод
Фарҳатфизову зебо бинмуда мулки обод,
Идона зиндагонӣ дорем бо дили шод,
Мо шоирем баҳрат, халқи азизу устод,
Ҳарфе ту аз дили мо бо ифтихор бишнав!
Дар кишвари адолат набвад баҳори фонӣ,
Сарсабзу гулфишон аст гулбоғи зиндагонӣ,
Эй навбаҳори бахтам, нозам, ки бехазонӣ,
Боқӣ кунад тараннум бо шавқу меҳрубонӣ,
Ин шеъри шоиратро, эй бахтёр, бишнав!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё