Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ТАРАННУМ КУН, ДИЛО!

Тараннум кун, дило, аз шавқ васфи Тоҷикистонро,
Зафарҳои ба олам ғулғулафкан пахтакоронро.
Ба ҷо оварда дар назди Ватан ҳар аҳду паймонро,
Шукўҳи меҳнати шоистаи ҳар марди майдонро.

Сарафрозона гўям: Тоҷикистонам, ҳалолат бод,
Ки дар рўёндани ҳосил шудӣ соҳибҳунар устод!

Зи меҳнат сарбаландӣ байни ёрон зебу фар бошад,
Ба ғайратҳо гузаштан дар сафи аввал ҳунар бошад,
Вафо бар аҳд кардан хосаи ҳар номвар бошад,
Ба дасти фотеҳон байроқи нусрат ҷилвагар бошад.

Сарафрозона гўям: Тоҷикистонам, ҳалолат бод,
Ки дар рўёндани ҳосил шудӣ соҳибҳунар устод!

Диёрам, месароям васфи халқи номдоратро,
Зи меҳнат гашта кони пахта хоки зарнисоратро,
Ҷавонмардони Вахшу Ленинободу Ҳисоратро,
Ба дунё карда боло обрўю эътиборатро.

Сарафрозона гўям: Тоҷикистонам, ҳалолат бод,
Ки дар рўёндани ҳосил шудӣ соҳибҳунар устод!

Бинозад ҳар касе, гўяд плони пахта иҷро шуд,
Ба ҳар як хонадон з-ин хушхабар шодӣ дуболо шуд,
Суруди ҳофизон имрўз ҳам хурсандиафзо шуд,
Шунав, эй марди майдон, навбати Қумрию Барно шуд.

Сарафрозона гўям: Тоҷикистонам, ҳалолат бод,
Ки дар рўёндани ҳосил шудӣ соҳибҳунар устод!

пешина
аз 163
навбатӣ