ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
ТАБРИКИ ЁРОН
Дар ҷашни мо аз ҳар тараф имрўз ёрон омада,
Чун нури чашму тоҷи сар дар рўзгорон омада.
Шуд аз қудуми дўстон пурзебу фар ҳар хонадон,
Хурсандиву тобу тавон бар пахтакорон омада.
Ёрони боаҳду вафо, хуш аз шумо дилҳои мо,
Аз шавқатон савту садо бар кўҳсорон омада.
Дар ҷашни истиқлоли мо, иқболу истиқболи мо,
Бар халқи фаррухфоли мо табрики ёрон омада.
Дар водии гулпўши мо, саҳрои зароғўши мо,
Ҳар дам ба гўши ҳуши мо сози ҳазорон омада.
Бо ҳам сарафрозӣ кунем, он гаҳ хушовозӣ кунем,
Ҳам шодию бозӣ кунем, овозадорон омада.
БАХТИЁРАМ КАРДАӢ
Духтари тоҷик, ба сўзи ишқ ёрам кардаӣ,
Пурҳарорат офтоби рўзгорам кардаӣ.
Ҳусни ту бо кори ту пайваст, зеботар шудӣ,
Мисли мавҷи рўи дунё беқарорам кардаӣ.
Зиндагӣ аз кору ҳуснат ёфта ин обутоб,
Пур зи сарват, нозанин, ҷоно, диёрам кардаӣ.
Бахт шуд аз меҳнатат монанди тиллои сафед,
Дар сари тасвири корат номдорам кардаӣ.
Мечакад аз ҳар варақ зебоии рўят арақ,
Гўиё дурр аз сари шафқат нисорам кардаӣ.
Пеш рафт овозаи кори ту гар аз шеъри ман,
Лек, ҷонам, дар ҷаҳон овозадорам кардаӣ.
Резад аз даҳ панҷаат дар арсаи меҳнат ҳунар,
Бо ҳунар дар роҳи меҳнат раҳсипорам кардаӣ.
Кўҳҳои саркаши моро назебад сархамӣ,
З-ин сабаб ҳам сарфарозу бовиқорам кардаӣ.
Даъватам кардӣ, биё ҳамроҳи ман дар пахтазор,
Байни ёрон ин қадар боэътиборам кардаӣ.
Кош, ҳамроҳи ту Боқӣ пахта чинад умрбод,
Умрҳо гўяд, ки дилбар, бахтиёрам кардаӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё