Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ШИРИН АСТ

Меҳрат, эй кишвари маҳбуб, чу ҷон ширин аст,
Номи неки ту гирифтан ба забон ширин аст,
Ишқи покат ба дили пиру ҷавон ширин аст,
Ҳар нафас бо ту кашидан ба ҷаҳон ширин аст.

Ту бахти ҷовидонӣ,
Азизу меҳрубонӣ,
Баҳори бехазонӣ,
Ба ҷони мо ту ҷонӣ,
Ба ҷони мо ту ҷонӣ.

Бо ту пайваста шуда ҷону тану ҳастии мо,
Ҳаст бо меҳру вафоят ҳама пайвастии мо,
Шуда дар баҳру бар овоза забардастии мо,
Кўр шуд дидаи бадхоҳ зи ҳамдастии мо.

Ту бахти ҷовидонӣ,
Азизу меҳрубонӣ,
Баҳори бехазонӣ,
Ба ҷони мо ту ҷонӣ,
Ба ҷони мо ту ҷонӣ.
ЁРИ ХУҶАНДӢ

Бо толеи хуш, ёри хуҷандӣ,
Ту сарфарозӣ, қоматбаландӣ,
Бо ҳусну меҳрат ту сарбаландӣ,
Бар мардуми мо ту дилписандӣ.

Зеби замонӣ,
Ёри хуҷандӣ!
Ҷони ҷаҳонӣ,
Ёри хуҷандӣ!

Дар атласи ту ҳусни баҳор аст,
Дар ҳар нигоҳат нақши диёр аст,
Эъҷози дастат овозадор аст,
Шамси муродат партавнисор аст.

Зеби замонӣ,
Ёри хуҷандӣ!
Ҷони ҷаҳонӣ,
Ёри хуҷандӣ!

Пур оламе шуд аз гуфтугўят,
Аз кори хубат, аз меҳри рўят,
Бошад фурўзон бахти накўят,
Бошад муяссар ҳар орзўят!

Зеби замонӣ,
Ёри хуҷандӣ!
Ҷони ҷаҳонӣ,
Ёри хуҷандӣ!

пешина
аз 163
навбатӣ