Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЭЙ ЧАРОҒ

Байни кўҳу камар,
Байни хавфу хатар
Баҳри ман доимо,
Будӣ имдодгар.

Эй чароғ, эй чароғ!
Бар раҳам нур бор,
Шўъла зан, шўъла зан,
То шавам бахтиёр!

Дурӣ аз ман, вале
Мисли ту шўълавар,
Рўи ях менамуд
Нур ҳам дар назар!

Эй чароғ, эй чароғ!
Бар раҳам нур бор,
Шўъла зан, шўъла зан,
То шавам бахтиёр!

Шуд чароғон зи ту
Хонаи ёри ман,
Шавқ бахшад ба дил,
Чашми дилдори ман.

Эй чароғ, эй чароғ!
Бар раҳам нур бор,
Шўъла зан, шўъла зан,
То шавам бахтиёр!
Доимо инчунин
Бар раҳам нур пош,
Мўниси ин дили
Шоду масрур бош!

Эй чароғ, эй чароғ!
Бар раҳам нур бор,
Шўъла зан, шўъла зан,
То шавам бахтиёр!
АРЎСИ БАҲОР

Насими форам аз Варзоб хезад,
Ба рўи шаҳр мушку атр безад,
Саҳар аз домани худ файз резад,
Зи авҷи равшаноӣ шаб гурезад.

Душанбе дар канори кўҳсор аст,
Арўси нозанини навбаҳор аст!

Дилоро пойтахти тоҷикон аст,
Ба даври безаволи мо ҷавон аст,
Бад-ин фархундагӣ зеби ҷаҳон аст,
Тароватбахши шеъру достон аст.

Душанбе дар канори кўҳсор аст,
Арўси нозанини навбаҳор аст!

Дар оғўшаш саноатҳо фаровон,
Занад фаввора нури илму ирфон,
Бувад сарчашмаи эҷодкорон,
Зи номи ў бинозад Тоҷикистон.

Душанбе дар канори кўҳсор аст,
Арўси нозанини навбаҳор аст!

Чанористон шуда ҳар кўчабоғаш,
Зи байни шохаҳо тобон чароғаш,
Расад то қулла маъвои фароғаш,
Зи даври илъичӣ равшан димоғаш.

Душанбе дар канори кўҳсор аст,
Арўси нозанини навбаҳор аст!

пешина
аз 163
навбатӣ