ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Шева омўхт, тезболам кард,
Соҳиби ишқи баркамолам кард.
Ҳар қадар бештар амал кардам,
Шармро бо амал бадал кардам.
Баҳравар гаштам аз шарофати ишқ,
Дар раҳи зиндагӣ ҷадал кардам.
Ёфтам шеър, ёфтам тадбир,
Ёфтам ишқи поки оламгир.
То ки ишқ аст дар ҷаҳон подор,
То ки хуршедро бувад анвор,
Накунам ҳеҷ гаҳ фаромўшат,
Бинамат дар нигоҳи чашми баҳор.
Бахт меоварад муҳаббати пок,
Рўҳ меофарад муҳаббати пок.
ДИЛБАРИ ФАРЗОНА
Азизам, ҳаст дар дил орзўям,
Пайи ин орзў дар ҷустуҷўям,
Ки то дар соли нав як шеъри хубе
Ба васфат аз фараҳмандӣ бигўям.
Ба ин мақсад саҳар кардам шабонро,
Накарда хоб, коҳиш дода ҷонро,
Суханро хостам гулчин намоям,
Ки то хурсанд созам дўстонро.
Намедонам, ки эй фарзона дилбар,
Нахустин аз куҷо гапро кунам сар?
Кадомин имтиёзу хислататро
Нависам пурратар, хушрўю хуштар?
Сухан ронам ман аз ҳусну ҷамолат,
Ва ё аз шўҳрати фазлу камолат,
Ва ё аз корҳои дилпазират,
Ва ё аз умру бахти бемисолат?
Чунон имрўз, ҷонон, арҷмандӣ,
Ба назди халқу кишвар сарбаландӣ,
Қалам оҷиз шавад ҳангоми тасвир,
Нишотеро, ки аз он судмандӣ.
Агар гўям, ки моҳи осмонӣ,
Агар гўям, ки донои замонӣ,
Агар гўям, ки якто қаҳрамонӣ,
Чӣ суд, ин гуфтаҳоро нағз донӣ.
Сурудеро, ки кардам ҳадяи ту,
Набошад он қадар инъоми дилҷў,
Вале чун барги сабзи арчааш дон,
Ҳар он чӣ мерасад аз дўст, некў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё