Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ВОХӮРИИ АҶОИБ

Соли 1944 ман дар театри драмавии Душанбе кор мекардам. Ба ман аҳён-аҳён бозидани ролхои бачагонаро месупурданд, аммо аксари вақт кори ман аз ҳамин иборат мешуд, ки аз паси саҳна истода, тақ-тақи пои асп, садои пулемёт ва ё ғурриши шамолро тақлид мекардам.
Барои ҳар кадоми ин садоҳо ман дар даст асбоби махсус доштам.
Боре дар театр фоҷиаи «Отелло»-ро монданд. Баъд аз он ки ман болғаи чӯбинро ба тахтаи тунука зада, «аз тӯпи киштии Дездемона оташ кушодам», ба ман гуфтанд, ки метавонам ба хона равам.
Дар вақти тамошо ғайр аз чароғҳои саҳна дигар ҳамаи чароғҳои театр кушта мешаванд. Ман дар торикӣ оҳиста-оҳиста қадам монда, аз пардозхонаи артистон баромадам. Ба фойе қадам монда, будам, ки роҳи маро ду кас бурида гузашт.
Он ду нафар аз пеши ман гузашта, ба кабинети директор даромада рафтанд. Яке аз он ду нафарро ман дарҳол шинохтам: ин артисти халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов буд. Аммо шахси дигарро, ки чорпаҳлӯ буда, қади хеле баланд дошт ва гурс-гурс қадам монда роҳ мегашт, дар торикӣ шинохта натавонистам.
Рӯзи дигар Муҳаммадҷон Қосимовро дида пурсидам, ки он кас кӣ буд?
– Садриддин Айнӣ, – бо як оҳанги оромона чавоб дод Қосимов.
– Айнӣ! – ба гӯшам бовар накарда гуфтам ман, – чаро ба ман нагуфтед?
Он вақт афту башараи ман бояд хеле хандаовар шуда бошад, ки Муҳаммадҷон Қосимов ба ман ҳайрон-ҳайрон нигоҳ карда монд.
Ман хиҷил шуда, зуд бадар рафтам.
Ба ҳамин тариқ, бори аввал ман Айниро дуруст дида натавонистам, ҳатто чашмам ба чашмаш наафтод, вале фойеи торик ва қомати баланду китфҳои паҳни ӯ муддатҳои дарозе аз пеши назарам дур намешуданд.

пешина
аз 130
навбатӣ