Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ДАР СЪЕЗД

Охирҳои соли 1947 дар қатори дигар нависандагони ҷавон ман ҳам ба Душанбе, ба съезди дуюми нависандагони Тоҷикистон омадам. (Дар ин мобайн ман аз кори театр баромада, ба шаҳри Ленинобод рафта, дар матбааи он ҷо ҳуруфчин шуда будам ва дар ҳамон айём ду-се ҳикоя навишта будам, ки дар газета чоп шуданд).
Зали пуродам. Дар пешгоҳ столи президиуми съезд ва дар мобайни аъзоёни президиум – пирамарди нуроние нишастааст, ки дар сар тоқии чустӣ дошта, костюми оддии сиёҳаш сарулибоси ҳарбиёнро ба хотир меоварад.
Ришаш – сап-сафед, аммо чашмонаш зиракона нигоҳ мекунанд. Ин шахс Садриддин Айнӣ буд.
Айниро дар ҳамин ҷо ҳам ором намегузоштанд. Гоҳ ягон аъзои президиум аз ӯ чизе мепурсид, гоҳ касе аз қафо омада хам шуда, ба гӯши ӯ чизе мегуфт, гоҳо ба ӯ хатча дароз мекарданд. Дар баробари ин Айнӣ баромади нотиқонро ҳам бо диққат гӯш мекард ва гоҳ-гоҳ суханони онҳоро бурида ба фикрашон эрод мегирифт.
– Сухан ба устод Айнӣ! – гуфт ногоҳ раиси маҷлис.
Айнӣ вазнин-вазнин қадам монда, ба минбар наздик шуд ва пас аз хомӯш шудани қарсакзанӣ оҳиста ба гап сар кард. Аммо дере нагузашта, овози ӯ баланд шудан гирифт ва дар суханаш гоҳ хашму ғазаб ва гоҳ хурсандӣ садо медоданд.
Мегӯянд, ки Айнӣ ҳеҷ гоҳ аз минбар оромона, бо овози паст гап зада наметавонист, ҳамеша оташин мешуд.
Аммо ман дар ин хусус фикр карда ба худ мегӯям: оре, шахсе, ки ба адабиёти советии тоҷик таҳкурсӣ гузоштааст, шахсе, ки халқи худ ва забони халқи худро аз ҷонаш бештар дӯст медошт ва онро, халқашро, панҷ панҷааш барин нағз медонист, – чунин шахс дар бораи адабиёт оромона, хунсардона гап зада наметавонист.
Айнӣ ҳамеша хоҳишманди он буд, ки нависандагонамон зиёд бошанд, китобҳои нағз бисёр шаванд ва хусусан, нависандагони ҷавон зудтар ба камол расанд.

пешина
аз 130
навбатӣ