Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Баъд аз як сол? – гашта пурсид Айнӣ. – О, бародар!
(Айнӣ аксар вақт суханашро ҳамин тавр, бо хитоби «бародар!» сар мекард), – о, бародар! – гуфт Айнӣ, – наход барои навиштани сад саҳифа чиз як сол вақт равад?
Он нависанда худро сафед кардани шуда гуфт, ки барои кор шароити дуруст надорад, вақташ ба корҳои дигар банд аст.
– Агар хоҳиш бошад, – гуфт Айнӣ, – ҳамааш мешавад!
Бародар, шумо серкориатонро далел овардед. Ҳарчанд, ки аз рӯи одоб нест, ман маҷбур мешавам, ки аз кори худ як мисол оварам, – ва дар кадом шароит навишта шудани повести «Одина»-ро нақл карда дод.
Он вақтҳо Айнӣ дар анбори як ташкилоти савдо хизмат мекардааст ва дар байни кори анбор вақт ёфта, дар як муддати кӯтоҳ «Одина»-ро навишта тамом кардааст.
Айнӣ суханашро давом дода гуфт, ки нависанда бояд ҳар рӯз нависад, вагарна дасташ аз навиштан бегона мешавад, ҳатто, агар илҳом наояд, худашро маҷбур карда, ба сари стол нишинад...
...Ман чандин рӯз дар таҳти таъсири ин гуфтаҳои устод будам, худро таъна мекардам, ки вақти зиёдеро беҳуда сарф мекунам, танбалӣ мекунам, худамро ба кор маҷбур карда наметавонам. Ва ҳол он ки Айнӣ барин як шахси кӯҳансол ҳар рӯз ҳашт соатӣ кор мекунад ва ҳатто дар рӯзҳои бемориаш термометр дар бағал меҳнаташро тарк намекунад...

ХОТИРАИ ОХИРИН

Моҳи июни соли 1954 ба Душанбе чанд кас аз нависандагони Корея меҳмон шуда омаданд. Нависандагони мо бо онҳо дар ҳамон боғи истиқоматгоҳи Айнӣ вохӯрданд. Айнӣ чанде пеш аз Самарқанд тамоман кӯчида омада буд.
Дар байни мову меҳмонони кореягӣ саволу ҷавоб сар шуд.

пешина
аз 130
навбатӣ