ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Дар аснои суҳбат ман нохост ба сӯи хонаи таомхурӣ нигоҳ карда дидам, ки дар болои зинаи айвон Айнӣ рост истодааст.
Нурҳои офтоби тобистон аз қабати шоху барги дарахтон гузашта, пайкари устодро равшан карда буданд...
Айнӣ чашмонашро нимроғ карда ба тарафи мо нигоҳ мекард. Ёд дорам, ки онвақт ӯ дар тан шиму кители сафед дошта, дар дасташ асо буд. Ба худ гуфтам, ки рафта бо устод вохӯрӣ кунам, аммо аз сӯҳбати меҳмонон хеста рафтанро ба худ эб надидам...
Айнӣ хеле вақт ба тарафи мо нигоҳ карда истод. Баъд сарашро хам карду қафо гашта, бо қадамҳои суст ба хона даромада рафт...
Кай медоинстам, ки ин дидори охирин буда, ба ман дигар ҳеҷ гоҳ дидани ӯ муяссар намешавад?
Аз мобайн ягон моҳ нагузашта устод Садриддин Айнӣ абадӣ аз чаҳон чашм пӯшид.
Ман Айниро дар рӯи тобут дидам, медонам, ки ӯ вафот кардааст, вале ҳар гох, ки номи ӯро ба забон оварам, ҷасади беҷони ӯро не, балки ҳамон дидори охиринро ба хотир меоварам, ки устод дар айвон, дар болои зина рост истодаасту чашмонашро нимроғ карда нигоҳ мекунад ва офтоб ба сар то пои ӯ нур мепошад.
Садриддин Айнӣ як умр ба халқи худ содиқ буд. Ӯ тамоми ҳаёти худро ба хизмати халқ бахшид. Чунин одам ҳеҷ гоҳ намемирад ва хотираи пуршарафи ӯ ҳамеша аз партави офтоби муҳаббати халқ дурахшон хоҳад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё