ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Одами серпулаш бисёр, чанд пул ки гӯӣ – харидан мегирад. Дар ҳар рафтанат, агар роҳпулиро барорем, камаш дусад-дусаду панҷоҳ сӯм фоида мекунӣ. Охир, як тинро кӣ медиҳад, буча?1 – ба модарам рӯ оварда гуфт ӯ.
– Рост, уко.. – гуфта монд модарам, ки аз суханони тағоиям мутаассир шуда, дар чашмонаш об чарх мезад.
Абдулатиф-тағо боз ба ман муроҷиат кард:
– Аз дигар тараф, – гуфт ӯ, – ба ту дар Зарчашма қӯшхона кофта гаштан лозим намешавад, рост ба хонаи ман рафта мефароӣ. Хӯрду хӯрокат ҳам аз ман. Хӯ-ӯш...
Чӣ гуфтӣ ба ин маслиҳат, ҷиянам?
Рости гап, ин таклифи ногаҳониро шунида, ман дасту по хӯрда мондам ва ғарқи дарёи фикру хаёл аз замин сар намебардоштам.
Аз як тараф – бисёр гапҳои тағоиям ҳақ буданд ва ба ман хеле таъсир карданд, аз тарафи дигар мевафурӯшӣ кардан... Ман намедонистам ба тағоиям чӣ гуфта ҷавоб диҳам, ба чӣ қарор оям...
– Хуб, – гуфт мушкили маро осон карда Абдулатифтағо, – ман намегӯям, ки «ҳозир ҷавоб деҳ». Майлаш, хуб фикр карда бин, мана боз бо модарат маслиҳат кун. Ман баъди ягон ду-се рӯз мебиёям, ана баъд дурустакак гапзанон мекунем...
Тағоиям як бурдаи калони нонро ба мураббои зардолугин тиққонда гирифта, бо чои сардшуда фурӯ доду даҳону мӯйлабашро, ки ба мураббо олуда буд, бо нӯги рӯймолаш пок карду гуфт:
– Аз гапи ман тарсида боз ба ягон тараф гурехта наравӣ, ҷиянам? – ва баланд хандида фиристод.
Ман ҳам беихтиёр ханда кардам.
...Он рӯз ман ба Абдулатиф-тағо ҷавобе надодам, аммо баъд аз рафтани ӯ ба модарам гуфтам, ки аз ӯҳдаи мевафурӯшӣ намебарояму умуман ин кор ба ман маъқул нест. Вале таваллою зорӣ ва гиряву нолаи модарамро дида, дудила шуда мондам ва баъд аз се рӯз тағоиям боз аз Зарчашма омада буд, ки ба саволи «хӯш, ба чӣ фикр
1 Буча – апа, хоҳари калонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё