Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

омадӣ, ҷиянам?» бо нӯги поям заминро хат кашида гуфтам:
– Майлаш, тағо, ман розӣ...

РОҲИ ЗАРЧАШМА

Тағоиям ҳанӯз офтоб сурхӣ накарда, маро аз хоб бедор кард. Бо модарам хайрухуш карда, ҳар ду роҳи бозорро пеш гирифтем. – Хайр, худата эҳтиёт кун... тағота хафа накун, – бо овози ларзон ва дидаи пуроб мегуфт модарам дар вақти хайрухуш.
Аз дарё боди серуни саҳарӣ мевазид. Баргҳои дарахтони сафедор, ки дар ду тарафи пиёдагарди кӯча қатор рӯида буданд, аз боди дарё ба ҳаракат омада гӯё қарсак мезаданд. Дар сар то сари кӯчаи калон шипир-шипири паст, вале беороми дарахтон ҳукмфармо буд. Офтоб ҳанӯз аз паси кӯҳҳо сар назада бошад ҳам, аммо абрпораҳои сиёҳи қӯрғошимтобро бо қалами ноаёни худ паси ҳам ранг мекард ва гӯё тамоми осмон лаҳза ба лаҳза оташ мегирифт.
То бозор хеле рох буд.
Дар кӯчаҳо танҳо якта-нимта одам менамуд.
Ҳар ҷо-ҳар ҷо бевосита дар девори сафеди идораю корхонаҳо суратҳои рангаи калон-калон кашида шуда ва дар зери аксари суратҳо ягон шиоре навишта шуда буд.
Дар зери як сурат, ки зане кӯдакашро ба синааш пахш карда, бо чашмони пурдаҳшат ба сарнайзаи милтиқи немисӣ нигоҳ мекард, «Ҷанговар, моро наҷот деҳ!» – гӯён навишта буданд.
Боз бисёр суратҳои дигар буд, ки ҳар гуна шиор дошт:
«Ҳама чиз – барои фронт!» «Кори мо ҳақ – мо ғалаба мекунем!» «Лаққӣ мабош!»...
Гох-гоҳ бо тарақо-туруқи баланд аробачаҳои нонкашонӣ гузашта мерафтанд. Баъд аз гузаштани ҳар як ароба дар кӯча бӯи лазиз ва ширини нони гарм паҳн мешуд. Асп кам монда буд ва ба аробаҳо аксар харҳоро баста буданд.
Дар ҳеҷ куҷои Чорчинор тири тӯп наметаркид, аз бӯи борут осоре набуд, ман медонистам, ки аз шаҳри мо то фронт ҳазорҳо километр роҳ аст, вале бо вуҷуди ин дар ҳамин шаҳрчаи дурдасти мо ҳам ҷанг сояи худро афканда буд.

пешина
аз 130
навбатӣ