ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Аз як гӯшаи бозор ашӯлахонии майзадаи саҳархезе ба гӯш мерасид.
Тағову ҷиян растаро то охираш давр зада баромадем.
Тағоиям гоҳ-гоҳ бозистода, нархи сабзӣ ё картошкаро мепурсид, ҳатто моли фурӯшандаро даст-даст карда медид, аммо савдо намекард.
– Ҳамин хел гаштан мегирем, тағо? – гуфтам ман дилтанг шуда. – Ягонтаашро гирему монем-дия...
– Ӯзбекҳо мегӯянд, ки «сабр қилсанг ғӯрадан ҳалво пишар», фаҳмидӣ, ҷиянам? – ханда карда гуфт тағоиям.
Боз ба даруни раста даромадем.
Оқибат, растаро бори дигар давр зада баромада будем, ки Абдулатиф-тағо гашта рафта дар назди як бачаи бодирингфурӯш қарор гирифт.
Вай бодирингро даст-даст карда дида ва ба кофӣ будани миқдори он боварӣ ҳосил карда, ба савдо даромад.
Бача мегуфт, ки килои бодирингаш даҳ сӯм аст.
– Биё, уко, ту ҳам аз корат намон, ман ҳам, – гуфт тағоиям ба фурӯшанда даст дароз карда. – Ба ҳар килош ҳафтсӯмӣ гиру лингаата афшонда рафтан гир.
Тағоиям бо табассум ба ман чашмак заду ба бача гуфт:
– Ҳой! Дар дунё савоб ҳам чизи даркорӣ. Ман ин бодирингро барои як кори муҳим мегирам, апаи ана ҳамин бачаро тӯй карда истодаем. Биё, ту ҳам аз савоб маҳрум нашав, пулата гирифта рафтан гир.
Ман ин гапҳоро шунида даҳонамро кушода мондам.
Бачаи бодирингфурӯш розӣ намешуд.
Аммо мӯйсафеде, ки дар қатори бача истода сабзӣ мефурӯхт, ба гап ҳамроҳ шуда, гуфт:
– Те, писарам, барои кори хайр будааст-ку, охир. Савоби ин ба ҳафт пуштат мерасад.
Бача дудила мешуд.
Боз як ду сухани хуши тағоиям ва панду насиҳати мӯйсафед деҳқонбачаро бовар кунонд, ки савоб аз пул дида авлотар аст ва ӯ ҳамаи бодирингашро баркашида дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё