Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тағоиям бодирингро бардошта, ба чойхонаи кӯчаи калони пеши бозор бурда партофт ва маро қаровул монда худаш боз ба бозор даромаду чамадончаи фанеринашро, ки ин гуна чамадончаҳоро одатан коргарони роҳи оҳан гирифта мегарданд, пур карда баромад.
Тағову ҷиян дар интизории мошин ба чойнӯшӣ нишастем.
Ман пиёларо аз чой пур карда, ба тағоиям дароз кардаму хандида гуфтам:
– Расо боб кардед-дия, тағо! Вай кадом тӯй буд?
Тағоиям қаҳқос зада хандид.
– Зарур бошад, раво бошад, гуфтаанд, ҷиянам, – бо оҳанги чиддӣ гуфт ӯ баъд. – То росту дурӯғ нагӯӣ, корат пеш меравад магар? Дар ин дунё гапи рост қатӣ зиндагӣ карда намешавад, ҷиянам, намешавад! Ту ҳоло хурд ҳастӣ, баъзе чизҳоро намефаҳмӣ. Ҳар чиз як ҷой, як маврид дорад. Вақташ мешавад, ки рост гап мезанӣ, вақташ мешавад, ки дурӯғ ҳам мегӯӣ. Ту ба ҷои ин ки ҳайрон шавӣ, аз ин корҳо ибрат гир, зиндагиро омӯз! – ва ногоҳ хандида гуфт:
– Читӯ, ҷиянам, аз ман ҳам муаллим мебарояд ё не?
Дар охир мошин ҳам омад. Тағоиям ба шофер ду-се даҳан гап заду маро бо ҳамроҳии лингаи бодиринг бар болои мошин шинонда, худаш дар кабина, аз паҳлӯи шофер ҷой гирифт.
Мошини панҷтоннагӣ, ки ғӯлаҳои ғафси дароз бор карда шуда буд, дере нагузашта аз шаҳр баромад ва роҳи даштии якранг ва бенуру сафое сар шуд.
Ман на ба тамошои дашти бе долу дарахт коре доштам ва на ба бардорузани мошин. Маро боз хаёлҳои нохуш печонида гирифтанд.
Ман куҷо рафта истодаам? Чӣ хел мевафурӯшӣ мекунам? Модарам бе ман чӣ кор мекунад?
Ман ба ҳеҷ кадоми ин саволҳо ҷавоб ёфта наметавонистам. Танҳо ҳаминро ҳис мекардам, ки дар ҳаёти ман як дигаргунии муҳиме рӯй дода истодааст ва ин дигаргунӣ барои ояндаи ман аҳамияти калоне дорад...
Мошин дашти урёни дилгиркунандаро қафо гузошта ба роҳи пурпечутоби кӯҳсор даромада буд, ки ман аз хаёлоти ногувори худ сар бардошта, ба тамошои гирду атроф машғул шудам ва фурсате нагузашта он ҳама фикрҳои тираро фаромӯш кардам.

пешина
аз 130
навбатӣ