Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оҳу гӯё медонист, ки аз мо барои ӯ хавфу хатаре нест ва то охир аз мошин чашм наканда истод.
Ногоҳ аз куҷое буд, ки дар осмони соф як абри сиёҳи телпакмонанде пайдо шуд. Абр бо суръат бузург мешуд, фурсате нагузашта, офтоб аз назар пинҳон гардид ва донаҳои калон-калони борон ба сару гарданам задан гирифт.
Ранги кабуди оби дарё дар як лаҳза хира ва лойолуд гашт. Мавҷҳои дарё бузургтар ва ғурришаш баландтар шуд.
Қаторкӯҳи он тарафи дарё дар паси пардаи борон нопадид гардид.
Ман шип-шилта тар шуда, баданам ба ларза даромад.
Тағоиям мошинро дошта, фуфайкаи пахтагинашро ба ман дароз кард.
Аммо борон зиёд давом накард ва дере нагузашта боз офтоб пайдо шуду дар як он сару либоси маро хушк карда дод.
Ҳавои дара боз ҳам софтар ва тозатар гашта буд. Ман синаамро пур карда, аз ҳавои масткунандаи кӯҳсор нафас мегирифтам.
Мошин гашташро суст карда, аз роҳи лаби дарёча баромаду ба як роҳи хурдтаре, ки ба даруни дараи дигаре гирифта мебурд, даромад, аммо роҳи зиёде нагашта, дар зери дӯнгии баланде бозистод.
Дари кабина кушода шуда, тағоиям баромад.
– Лингаро дароз кун, омадем.
Мошин моро дар роҳ монда, ба ҳаракат омаду дар паси дӯнгӣ ғоиб шуд.
Бо мароқ ба чаҳор атроф нигоҳ мекардам.
Дар он гирду пеш ягон одаме ё хонае наменамуд.
– Зарчашма ҳамин аст, тағо? – бо ҳайронӣ пурсидам ман.
– Не, – гуфт тағоиям, – Зарчашма дар паси ана он теппа. Лекин агар аз ҳамин ҷо нафароӣ, мумкин аст боратро тафтиш кунанд. Канӣ, лингаро бардошта те, ҷиянам!
Абдулатиф-тағо лингаро ба пушти худ бардошта, аз пайраҳаи борике, ки ба сӯи дӯнгии дигар печ зада мерафт, роҳ сар кард.

пешина
аз 130
навбатӣ