ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Роҳи камбари бечангу ғубор аз қад-қади дарёчаи пуршӯри кӯҳсор мегузашт ва тамоми хаму ростшавиҳои дарёчаро айнан такрор карда буд. Дарёву роҳ дар мобайни дараи танге воқеъ шуда, аз худи канори роҳдевораи сангини кӯҳҳо боло рафта буд. Бар акси дашт, кӯҳсор сабзу хуррам буда, насими серуни дарё бӯи чӣ навъ як гулҳои кӯҳиро ба димоғ оварда мезад. Дар баъзе ҷойҳо, ҳатто дар қуллаи кӯҳҳо, бадани оҳанини сангҳои хороро шикоф карда, дарахтони писта рӯида баромада буданд. Дар осмони нилгуни дара як порча абри дарозе лангар партофта буд, ва ба оби каб-кабуди дарё нигоҳ карда, гумон кардан мумкин буд, ки аз осмон як тасмаи борику дарозеро бурида, ба мобайни дара партофтаанду ба ҷои он абрро дарбеҳ карданд.
Кӯҳҳои азими осмонхарош ва сокитро дида, ман худро беандоза хурд ва мӯрчавор заиф ҳис мекардам. Дар баробари ин як шавқ, як шодие ҳам буд, ки аз он дилам гум мезад, беихтиёр дар чашмонам об чарх мезад. Чӣ қуввае дорад табиат, ки чунин кӯҳҳои азим ва осмонбӯс сохтааст!..
Баъзан харсангҳои аҷоиберо медидам, ки бо шакли худ ҳар хел ҳайвонотро ба хотир меоварданд. Ана, он харсанг ба сари гӯсфанди қӯчқор монанд аст, ана инаш каллаи уштурро ба ёд меоварад...
Дар як ҷои роҳ, ки мошин барои обгирӣ истод, харсанги калонеро дидам, ки гӯё касе бо алмос бурида бошад, айнан аз миёнааш кафида буду аз он ҷо қатрақатра об мебаромад. Ба хотирам афсонаи «Чилдухтарон»
расид. Гӯё чиҳил духтар дар паси ҳамин санг бошанду қатраҳои об сиришки дидаи онҳо бошад..
Ногоҳ дар болои дандонаи байни ду кӯҳ як ҷонвари сафедеро дидам, ки мисли ҳайкал беҳаракат истода ба тарафи мошини мо нигоҳ мекард.
– Оҳу! – ба чашмам бовар накарда хитоб кардам ман беихтиёр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё