ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Сехҳои завод қариб аз таги дарвоза сар мешуд ва аз пеши дарвоза истода, чизи бисёреро дида намешуд. Ғайр аз ин ҳарду қаровули завод ҳам мӯйсафедҳои бадқавоқи қаҳролуд буданду ҳамеша бачагонро аз гирду атрофи дарвоза пеш мекарданд.
Ман аз пеши дарвоза истода танҳо мошинҳои боркашро медидам, ки аз завод қӯрғошим бор карда мебаромаданд. Қӯрғошиме, ки мошинҳо ба шаҳр мекашониданд, ба лои хокистарранг монанд буд ва доимо аз шикофиҳои кузови мошин таровида баромада, хушкида мемонд.
Боз як ҷои дӯстдоштаи ман дар саргаҳи дараи Зарчашма буд.
Дар ин ҷо на тарақо-туруқи вагонеткаҳо ба гӯш мерасид, на гулдуроси дастгоҳҳои завод.
Дар ҳарду канори дарёчаи Зарчашма чинорҳои бузурги сершохубарг ва серсоя, дарахтони тут ва буттаву паттазорҳои анбӯҳ рӯида буданд.
Ман санг партофта, пеши обро банд карда шаршара ё ҳавз месохтам, то мурғак давонидани баданам оббозӣ мекардам, ё худ бар болои харсанге баромада гирифта, чашм ба об медӯхтаму ҷараёни онро тамошо мекардам, ба суруди сеҳрангези якзайла ва беороми дарёча гӯш меандохтам ва гӯё чӣ гуфта суруд хондани обро фаҳмиданӣ мешудам.
Хулласи калом, барои ман дар Зарчашма ҷои дилкашолӣ зиёд буд.
Аммо аз ҳамаи ин дида, ошноиву шиносоии наве, ки дар Зарчашма пайдо карда будам, барои ман қиматтар меистод.
ДИЛШИКАСТА
Аввалин касе, ки ман дар Зарчашма бо ӯ шиносоӣ пайдо кардам, Қосимҷон, ҳамон шогирди тағоиям буд.
Хуфту хоби Қосимҷон ҳам дар ҳамин чойхона буд.
Аммо на дар хоначаи Абдулатиф-тағо, Қосимҷон ҳар шаб кӯрпаашро гирифта ё ба чойхона рафта хоб мекард, ё бар болои боми чойхона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё