ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Дар хоначаи тағоиям фақат як сандуқаки чӯбини ӯ меистод, ки ҷои қуфлаш холӣ буда, танҳо як занҷири зангзада дошт. Рости гап, сандуқи Қосимҷон, кирои қуфл задан ҳам намекард. Дар он ғайр аз як-ду ҷуфт курта-эзори нимдошт, ҷомаи пахтадори қаламӣ дигар ягон чизи арзишноке набуд. Аммо дар сандуқ боз як чиз буд, ки ба фикрам, Қосимҷон онро чизи хеле қимат медонист. Ин чиз – як тӯққуз китоб буд, ки ҷои зиёди сандуқро банд мекард. Дар байни китобҳои Қосимҷон, ки баъдҳо худаш ба ман нишон дод, як-ду китоби бо алифбои нав навишта шудагӣ ҳам буд, ки ман ҳам онҳоро хонда метавонистам. Аммо аксари он китобҳо китобҳои кӯҳнаи бо ҳарфҳои аҷоиб ва ба ман номафҳуми арабӣ навишта шуда буданд. Бисёрии ин китобҳо муқова надоштанд, лаби варақҳошон даридаву хӯрда шуда, коғазашон зард шуда буд.
Аввалҳо Қосимҷон бо ман як муносибати хушки расмӣ дошт, ҳатто ҳаракат мекард худро аз ман канор гирад.
Кор дошта бошад – гап мезад, набошад – не. Охир, ҳар чӣ ҳам бошад, ман ҷияни Абдулатиф-тағо, одами «сардор»-и ӯ будам.
Аммо баъди як воқеа муносибати ӯ бо ман тамом дигар шуд.
Рӯзе дар набудани тағоиям (ӯ шаҳр рафта буд) Қосимчон ба чойқуттӣ даст дароз карда мебинад, ки чой тамом шудааст; саросема ба хоначаи тағоиям даромада, ба ҷои чои хока ва ё тахтачой як лӯндаи нимқадоқӣ чои қимати лӯнқаро мегирад, ки тағоиям аз ин хел чой танҳо барои одамони даркории худаш дам мекард. Бегоҳӣ, пеш аз хӯрок, Абдулатиф-тағо дар сари обрез даст мешуст, ки ногоҳ чашмаш ба рафи тахтагини девор афтод.
– Чои лӯнқа канӣ? – рост шуда гуфт ӯ ба Қосимҷон, ки ба дасти ӯ об мерехт.
– Кадом чои лӯнқа? – гӯён Қосимҷон ҳам ба раф нигоҳ кард ва ногоҳ хатои рӯзонаи худро фаҳмида, сурх шуд, ба чашмони худ бовар накарда, тез-тез мижа задан гирифт.
Намедонам, ба ман чӣ ҳолате рӯй дод, аҳволи Қосимҷонро дида, дилам ганда шуд, раҳмам омад.
«Нест зоғе бе доғе» гуфта будааст касе. Тағоии ман ҳам дар қатори он ҳама фазилатҳои бебаҳояш якта-нимта хислати номақбул дошт, ки агар ҳамин камбудияш намешуд, вай барин одами нағз дар дунё набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё