Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд аз ин ман ҳам аксари шабҳое, ки дар Зарчашма мемондам, кӯрпаву болиштамро гирифта, ба назди Қосимҷон мерафтам.
Мо ба якдигар дарду ҳасрат карда, то хеле вақтҳои шаб, баъзан то саҳар гап зада мебаромадем.
Қосимҷон бисёр воқеаҳои ғамангезро аз сар гузаронида будааст. Ман баъд аз ҳамин чақ-чақҳоямон фаҳмидам, ки чаро дар нигоҳи чашмони ӯ аломати ғаму амдӯҳ, аломати ҳузн дида мешавад.
Қосимҷон аслан аз тарафҳои Масчоҳ буда, падару модарашро намедонистааст, дар хурдсолиаш ятим монда будааст.
– Ятимӣ барин чизи ганда нест, – мегуфт оҳ кашида Қосимҷон, – одам ятим нашавад, агар ятим мемондагӣ бошад, беҳтараш, ки аз модар зоида нашавад... Ман худамро мешиносам, ки дар ба дар, ба дасти одамҳо мебошам. Аввал маро як амакам ба хонааш гирифт. Амакам худаш одами ганда набуд, лекин занаш ба ман рӯз нишон намедод. Амакамро ҳам охир ҳамон албастӣ аз аҷалаш пеш сил карда кушт. Як умр аз қавоқаш барфу борон меборид. Ягон гапаш беминнату иллат не. Даҳонаш ҳамеша кушодагӣ, аррос задагиаш задагӣ. Худоё, тавба, занака гандагиаша бин, ки то ҳатто бо амакам даст ба гиребон мешуду боз худаш ба ҷамоа рафта, аз болои амакам шикоят мекард, ки «дод, мардакам мана зада кушт!..»
Говро ба хона дароварда мебасту маро ба ҳезумхона ҳай мекард. Бисёр мекӯфт маро...
– Гурезед намешуд? – мегуфтам ман. – Ман ба ҷои шумо мешудам, ба детдом рафта медаромадам...
– Оҳ, Мулло Ҳасан-е! – бо сӯзи дил мегуфт дар ҷавоб Қосимҷон. (Баъд аз воқеаи чои лӯнқа Қосимҷон ба ман ҳамин тавр, «Мулло Ҳасан» гуфта муроҷиат мекардагӣ шуда буд.) – Худат фикр кун, ман ки дар умрам аз қишлоқамон берун набаромада будам, кай медонистам, ки дар дунё детдом гуфтанӣ чиз ҳаст? Ғайр аз ин, аз дасти он девзанак гурехта рафтан ҳам мушкил буд.
– Чаро? Охир, як бурда нонашро беиллат намедод гуфтед-ку?
– Ҳеҳ!.. – гӯён пастакак ханда мекард Қосимҷон. – Агар ман набошам, говашро, бузу гӯсфандашро кӣ мепоид?

пешина
аз 130
навбатӣ