Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Як хислати ба ман номаъқули тағоиям ҳамин буд, ки ӯ баъзан бисёр насиҳатхонӣ мекард; хусусан агар аз ягон чиз хафа шуда бошад.
Ман нағз медонистам, ки Абдулатиф-тағо ба Қосимҷон даст намерасонад, ё худ дашному ҳақорат намекунад. Вай дигар кор мекард. Одамро дар рӯ ба рӯяш шинонда, бо суханҳои мулоим, вале маънидор то нисфҳои шаб, агар хушаш биёяд, ҳатто то саҳар овозашро баланд накарда чунон панду насиҳат мехонад, ки кас, ба ростӣ, аз ҷонаш сер мешуд. Шумо рӯзи дароз даву ғеҷ карда кӯфта шудаед, шаб хеле бевақт шудааст, майнаи гиҷшудаатон истироҳат мехоҳад, чашматон худ аз худ пӯшида мешавад, аммо Абдулатиф-тағо ҳамчунон гап мезанаду гап мезанаду гап мезанад... Агар дид, ки саратон ба замин хам шуд ё чашматонро пӯшидаед, шуморо як қад парронда баланд сулфа мекунаду мегӯяд:
– Боракалло, боракалло!.. Ман ба шумо дилу ҷигар хун карда гап занаму шумо гапи тую фалони ман гуфта баҳузур хоб кунед.
Зимнан, касалии насиҳатхонӣ ба ҳамаи калонсолон сироят мекунад ва ҳатто Абдулатиф-тағо барин як одами оқилу доно ҳам чунин камбудӣ дорад...
Ба сарам барқосо фикре расид. Бар тағоиям фурсати даҳон кушодан ҳам надода, бо як оҳанги табиӣ, ки худам ҳам мунтазираш набудам, бепарвоёна гуфтам:
– Ӯҳ, вай чои лӯнқа буд-мӣ? – ва ба Қосимҷони мотшуда, ки ҳеҷ чизро намефаҳмид, рӯ оварда гилаомез гуфтам:
– Ман ба шумо нагуфтам, ки маро ба ҷои худатон монда наравед, ман аз ӯҳдаи чойхоначигӣ намебароям?
Ана дидед, чӣ шуд акнун!
Абдулатиф-тағо муддате ба ман нигоҳ карда истоду гуфт:
– Чашмат дар куҷо буд, ҷиянам? Бача набошӣ...
Аз ҳамон рӯз сар карда, мову Қосимҷон ҳамчун акаву ука шуда мондем.

пешина
аз 130
навбатӣ