Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Не, Муллоҳасан, – гӯён боз гапи маро рад кард Қосимҷон. – Аввалаш ин ки ҳамон гапҳои тундаш ҳам аксараш ҳақ. Сонӣ, агар, ёрӣ пурсида равӣ, ҳеҷ вақт «не» намегӯяд. Ман худам чандин бор ба чашмам дидам, ки кори одамҳоро тӯғрӣ карда дод. Ба як кас ариза навишта медиҳад, ба дигар кас пулашро рӯёнида медиҳад, они дигарро ба кор дароварда мемонад...
– Дар омади гап, – гӯён нақлашро давом дод Қосимҷон, – ба ман ҳам чанд бор гуфт, ки агар аз чойхона равам, ба ман ҳам кор ёфта медиҳад.
– Чаро нарафтед? – гӯён ранҷишомез пурсидам ман...
– Оҳ, уко, – гуфт Қосимҷон бо ҳасрат, – гӯр ин феълу хӯи зормондаам шавад, ҳамеша аз пушти он дакка мехӯрам. Ба шахта равам бад намешуд-ку, – бин, шахтачиҳо чӣ хел зиндагӣ мекунанд. Лекин аз Абдулатифако шарм мекунам. Ҳар чӣ ҳам бошад, ба мани мусофири ғариб як лаб нон доданд, ҷо доданд... Истиҳола мекунам, намак хӯрда, ба намакдон туф кардагӣ барин нашавад мегӯям.
Муносибати Шокиртароша бо Қосимҷон ҳам хеле аҷоиб буд.
Ӯ чашмони тези майдаҳакашро фурсате ба сари хаму рӯи маҳзуни Қосимҷои дӯхта меистоду бо таассуф сар ҷунбонида мегуфт:
– Э-э, ношуд!.. – ва боз муддате аз Қосимҷон чашм наканда истода илова мекард:
– Дили раҳмгин ҳамеша ғамгин! Сарата боло кунӣ-чӣ, ӯй!
Қосимҷони бечора бо табассуми амонатие, ки гӯё дар рӯяш ларзида меистод, оҳиста сарашро боло мекард. Ин табассуми ӯро дида, Шокиртароша даст меафшонду бори дигар «ношуд!» гуфта аз Қосимҷон рӯ мегардонд.
– Вай худаш чӣ кор мекунад? Касбаш чӣ? – гуфта пурсидам ман аз Қосимҷон.
– Бисёр касби нағз дорад, – гуфт Қосимҷон, – дору монда санг мекафонад. Ба ҳамин ҷо омада ёд гирифт ин корро. Пули калон кор мекунад. Заборниш ҳам ҳаштсад грамм!

пешина
аз 130
навбатӣ