ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Шокиртароша дар як канори шаҳрча, дар таги кӯҳ, ҳамроҳи коргарони шахта дар як хонаи калони чӯбин зиндагӣ мекардааст ва як сари қоқаш бошад ҳам, ба мисли коргарони оиладор хонаи алоҳида доштааст.
– Ҳатто калонҳои шахта ҳам вайро ҳурмат мекунанд, – мегуфт Қосимҷон.
– Ҳатто калонҳо ҳам аз вай метарсанд гӯед? – мегуфтам ман ба гапи Қосимҷон шак оварда.
Аммо Қосимҷон боз гапи маро рад карда мегуфт:
– Не, Муллоҳасан, ҳурмат мекунанд.
...Ғайр аз ин аз бачагони Зарчашма боз як ду ёру ҷӯра доштам. Аммо бо онҳо сирдону ҳолдон набудам. Танҳо салом-алек будам.
ГӮСФАНДХАРӢ
Як рӯз пули савдои навбатии худро ба Абдулатифтағо оварда дода, боз кӯча рафтанӣ шуда будам, ки ӯ маро аз роҳам дошта гуфт:
– Ҳеҷ ҷо нарав, ҷиянам, қатӣ авқот мекунем.
Тағоиям одатан пас аз танаффуси коргарон, баъди канда шудани думи чойхӯрон таҳтӯл мекард. Аммо ман, ки ҳамеша аз ӯ пештар корамро буд карда аз чойхона баромада мерафтам, қариб ҳеҷ гоҳ рӯзона ҳамроҳи ӯ хӯрок намекардам. Чӣ шуд, ки имрӯз маро нигоҳ дошта монд.
Тағоиям аз чойхона нону ангур ва ба чойник чой бардошта омад.
– Хӯш, ҷиянам... – гуфт ӯ пас аз хӯрок ва дақиқае хаёл карда нишаста, сарашро боло бардошт. Дар рӯяш табассуми хушнудонае сайр мекард. Чашмонаш гӯё механдиданд.
Ман ҳанӯз ҳам мақсади тағоиямро равшан намефаҳмидам.
– Ман аз ту хурсанд, ҷиянам, – гуфт дар охир тағоиям ва бо мамнуният мӯйлабашро тофта монд.
– Медонӣ, то имрӯз, масалан гӯем, чанд пул кор кардаӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё