ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Модарам ҳам акнун аз ман розӣ буд, «бачаякам пулёву чизёв шудааст» мегуфт. Дигар аз ҳеҷ чиз шикоят намекард. Танҳо як дилсиёҳӣ дошт, ки он ҳам бошад бе дому дарак шуда рафтани падарам буд. Шабона, дар сари хӯрок тағоиям бо оҳанги ризомандӣ боз аз боақлии ман, аз ҳалиму гапдаро шудани ман сухан кард.
– Ақлаша шинохта гирифт акнун ҷиянам! – мегуфт ӯ ба модарам.
Модарам аз гапҳои тағоиям рӯҳ гирифта, ба ман бо чашмони пурмеҳр, ки аз фараҳ тар шуда буданд, дуру дароз чашм медӯхт. Ҳатто як-ду бор сари маро сила карда монд.
Таърифу тавсифи тағоиям ба гӯши ман бисёр гуворо мерасид. Гапҳои ӯро шунида, хурсандии модарамро дида, ба худ меболидам, фахр мекардам. Охир, ман ҳам ба хона ёрдам мекардагӣ шудам, пул меёфтагӣ шудам.
Назар ба гуфти модарам, ҳамсояамон Ҳурбибихола як рӯз писараш Каримро ҷанг карда, маро ибрат нишон додааст.
Тағоиям хурсандии ману модарамро даҳчанд карда, дар охири гапаш эълон кард, ки ба пули ёфтаи ман пагоҳ рафта гӯсфанд мехарем.
Модарам, ки шодиву хурсандиаш дигар ба олам намеғунҷид, бо овози ларзон ва оҳанги пурҳаяҷон тағоиямро дуо кард:
– Латифҷон, укоҷон, илоҳи барака ёбӣ, хока гирӣ зар гардад, якат сад шавад, садат ҳазор! Ба бачаи ман дадогӣ кардӣ, ба бағалаш даромада, раҳ нишон додӣ, илоҳи худо умри арчагӣ тияд ба ту!
Баъд «бачаи ман ҳам одам мешудааст-дия» гуфту ногоҳ рӯяшро бо остини куртааш пӯшида гириста фиристод.
Рӯзи дигар саҳарӣ хеста бозори мол рафтем. Дар дасти ман як парча арғамчини борик буд.
Аз паси тағоиям тез-тез қадам монда мерафтаму ба гирду атрофам, ба раҳгузарон, ба хонаву дарахтони ду тарафи кӯча, ба тамоми дунё бо фахр назар мекардам ва ҳар гоҳ даҳонам беихтиёр худ аз худ кушода мешуду ман қаноатмандона табассум мекардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё