Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман ҳамеша фоидаи савдоро оварда ба дасти тағоиям месупурдам ва ҳисоб ҳам намекардам, ки имрӯз чанд пул фоида ба даст овардааму дина чӣ қадар.
– Намедонам, тағо, – гуфтам ман дар ҷавоб.
Абдулатиф-тағо ангушти ишораташро боло бардошта, бо овози тантананок гуфт:
– Се ҳазор! – ва масрурона ханда кард.
Ман медонистам, ки фоидаи савдои ман бояд хеле пул шуда бошад, аммо рости гап, ҳеҷ хаёл накарда будам, ки дар муддати як моҳ ин қадар пул кор карда бошам.
– Ду пул модари пул, – ба гапаш давом дода гуфт тағоиям – дидӣ, шӯхӣ ба шӯхӣ дар мобайни панҷ-шаш рӯз сесад червон пул ёфтӣ! Ин ҳоло аввали кор, ҷиянам.
Агар ту ҳамин хел ба гапи ман дароӣ ба хату реҷаи тағот нигоҳ карда кор барӣ, даҳ баробари инро меёбӣ! То тағот ҳаст, дар ин дунё хор намешавӣ, ҷиянам!
Тағоиям ба ҳамин оҳанг боз хеле гап заду дар охири гапаш бо қиёфаи маънидор аз ман пурсид:
– Хӯш, ҷиянам, акнун ин қадар пулро чӣ кор мекунӣ?
Ман, ки дар ин бора ягон маротиба ҳам фикр накарда будам, хандида гуфтам:
– Ман надонам, тағо, худатон ягон кор мекунед-дия.
Абдулатиф-тағо завқ карда хандиду аз ҷояш хеста истода гуфт:
– Пагоҳ рӯзи чӣ, ҷиянам?
– Рӯзи бозор, ҷумъа.
– Набошад, тайёр шав, имрӯз ҳамроҳ ба шаҳр меравем.
Бегоҳӣ тағоиям чойхонаро ба Қосимҷон супурду мо савори мошин ба шаҳр рафтем.
Модарам аз омадани мо бениҳоят хурсанд шуд. Ҷой намеёфт, ки моро шинонад. Ӯ акнун дар ҳавлӣ як худаш монда буд ва ҳарчанд ҳафтае ду-се маротиба ба шаҳр омада, шабро дар наздаш мегузаронидам, боз маро пазмон мешуд ва ҳар дафъае, ки аз Зарчашма омадам, аз хурсандӣ намедонист чӣ кор кунад, гӯё ки маро як умри дароз надида бошад.

пешина
аз 130
навбатӣ