ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
– Ба фронт? – чашмонашро бузург карда, гашта пурсид ӯ.
Ман ба аломати тасдиқ сар ҷунбондам.
– Ҳм... – гуфт ӯ зери лаб ва ба ман нигоҳ карда монд.
Аз ҷое «ду-ду-дуд»-и карнайчаи стрелочник ба гӯш расид. Аз замоне, ки ба ин хона қадам мондам, бори аввал садои «тиқ-тиқ»-и соати девориро шунидам.
– Ба фронт!.. – сарашро ин тарафу он тараф ҷунбонида гуфт дар охир милитсионери калон ва аз ман чашм канда, «Бачаи беақл!» – гӯён бо гӯшаи лабаш табассум карду аз ҷояш хеста, дар рӯи хона қадам задан гирифт. Гоҳ-гоҳ қадамашро суст накарда, ба ман нигоҳ карда мемонд.
Ман намедонистам, ки дар ҷоям нишастан гирам ё бархезам. Охир, оҳиста аз ҷоям хестам.
– Шин, шин, – ба тарафи ман нигоҳ накарда гуфт ӯ.
Вай баъд аз хеле қадам задан ба гап даромада гуфт:
– Хӯш, ба фронт рафта, чӣ кор мекардӣ? Ҳа?
Ман китф ҷунбонда гуфтам:
– Чӣ кор мекардам, ҳар коре ки фармоянд...
Ӯ ҳамчунон қадам зада боз пурсид:
– Милтиқ парронда метавонӣ?
– Не. – Ёд мегирифтам-дия...
– Ҳм... Падар дорӣ?
– Дорам. Дар ҷанг.
– Ҳо... Модарат чӣ?
– Модарам дар хона...
– Чӣ кор мекунад?
– Кор намекунад...
– Чӣ хел зиндагӣ мекунед?
– Пули падарам чӣ? Нафақа мегирем. Боз модарам рӯймол медӯзад...
– Худат мехонӣ?
– Мехонам. Лекин ду-се рӯз пеш мактаб тамом шуд.
– Таътил?
– Ҳо, таътил.
– Чандумро тамом кардӣ?
– Шашумро.
– Ҳм... – гуфта монд ӯ боз ва якчанд дақиқаи дигар тахтаҳои фарши хонаро ғиҷиррос кунонида қадам заду сипас рафта дар паси столаш ҷо гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё