ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Баъд сарпӯшаки оҳанини давотро дар рӯи шишаи стол бозӣ дошта гуфт:
– Хӯш, бо ту чӣ кор кунем акнун, бародар? Аслашро гӯем, ман туро мебоист ба ҳабсхона фиристонам...
Дилам аз сари нав ба такопӯ даромад.
– Лекин, – гӯён ӯ сарашро бардошта ба ман нигоҳ кард, – лекин, росташро гӯям, ба ту раҳмам меояд. Майлаш, дафъаи якум гузашт мекунем. Туро гардонда ба Чорчинор мефиристем. Фикри фронтравиро бошад... ҳм...
аз сарат гирифта парто. Дар он ҷо ту ба дарди ҳеч кас даво намешавӣ. Ту бояд хонӣ, нағз хонӣ. Вазифаи ту ҳамин аст, бародар. Фаҳмидӣ? Дигар ин хел беақлӣ накун, ки ба ҷонат ҷабр мекунӣ. Ҳм... фаҳмидӣ гапамро?
Ман бо сари хам менишастам ва чӣ гуфтанамро намедонистам.
– Лекин, – давом дод ӯ овозашро баландтар карда, – лекин агар боз як бори дигар туро дар ин ҷо бинам, он вақт аз ман гила накун. Дар ин асно дари хона кушода шуда, милитсионере, ки марди шинелпӯшро гирифта рафта буд, баргашта омад. Бо омадани ӯ ман ҳам аз ҳолати ногувор як қадар фориғ шуда, нафаси сабуке гирифтам ва оҳиста сарамро бардошта, ба милитсионер нигоҳ кардам.
Рӯи ӯ суп-сурх шуда, дар лабонаш як табассуми ҳам хашмгинона ва ҳам хиҷолатмандонае сайр мекард.
– Бурда мондӣ? – ба ӯ рӯ оварда гуфт сардораш. – Чӣ шуд?
– Э, напурсед, рафиқ лейтенант! Ҳамин ки ба коридор баромадем, гуфт, ки агар ӯро гурезонам, ҳазор сӯм медодааст.
– Бе-чо-ра! – тамасхур карда гуфт лейтенант ва маро тамоман ҳайрон карда, нохост дашноми сахте дод.
Ман ҳеҷ гумон намекардам, ки аз забони ӯ дашному ҳақорат мешунавам.
– Ту ҳоло нав-дия, – гуфт боз лейтенант, – инхелаҳоро ҳоло бисёр мебинӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё