ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Чӣ тавр ба ин кор шавқманд намешудаам ман, вақте ки аз паси он гӯсфанд харидам, сарулибосамро нав кардам, дар ҳар рафтанам ба хона ё як буханка нон, ё гӯшту равған, ё боз ягон чизи дигаре мебарам?.
Аз шаҳр ба сад-саду панҷоҳ сӯм чиз харида, дар Зарчашма ба дусад-сесад сӯм пул кардан, яъне дар бадали як рӯз (як моҳ не, ҳафта не, танҳо як рӯз!) сад- саду панҷоҳ сӯм фоидаи нақд бозёфт кардан маро ҳақиқатан ба шавқ меовард.
Гоҳо тааҷҷуб мекардам, ки чаро дигарон ҳам ин роҳи осони пулёбиро намебинанд. Баъзе одамон як моҳи дароз кор карда чорсад-панҷсад сӯм пул мегиранд ва ҳол он ки ин қадар пулро ман дар як ҳафта меёбам. Аммо мақоли тағоиямро ба хотир меовардам, ки «ошхӯр ошаша мехӯраду атолахӯр атолааша».
Гоҳи дигар ин кори осону серпул дар назарам як мӯъҷизаи афсонавӣ барин менамуд, хаёл мекардам, ки ба мисли чароғи Аловаддин тилисме ба даст овардаам.
Хулласи калом, кори мевафурӯшӣ ба ман то рафт бештар маъқул мешуд.
Ман акнун ангури даҳсӯмаро чордаҳ-понздаҳсӯмӣ фурӯхта, дигар сурх намешудам, баръакс, ҳар дафъа пули фоидаро гаштаю баргашта бо иштиёқ шумурда мебаромадам. Баъзан агар аз байни пул ягон коғази даҳсӯма ё сисӯмаи миёнаш нашикастагӣ баромада монад, онро ба даст гирифта, дуру дароз тамошо мекардам, мисли тағоиям дар мобайни ангуштонам гирифта, шақаррос мезанондам. «Ин пули ман аст, ин пулро ман, худам ёфтам!» гӯён аз дил мегузаронидам.
Дар ин гуна лаҳзаҳо дар дилам чунин орзуи пурзӯре пайдо мешуд, ки аз ин ҳам зиёдтарашро ёбам, бо дусадсесад сӯм не, бо ҳазору даҳ ҳазор бозӣ кунам ва чунин суханҳои тағоиям ба ёдам меомаданд, ки боре бо оҳанги ҳазломез, вале маънидорона гуфта буд:
– Дар ин дунё касе ба касе кор надорад, ҷиянам! Ҳар кас ба мурдаи худ мегиряд, ғами худро мехӯрад, дар рӯзи сахтӣ ҳеҷ кас ба фарёдат намерасад. Тавону пул ёв, чиз ёв, маишат кун!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё