Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳозир-ку дар ин бозори калони серодам ғайр аз ман карасинфурӯши дигаре нест, пас чаро ман нархи моли худамро зиёдтар накунам? Чаро сисӯмӣ неву сивупанҷсӯмӣ нафурӯшам? Аз ҳар литр панҷ сӯм ба кисаи худам мемонад, аз ҳар литр панҷ сӯм! Аз бист литр – сад сӯми роҷеъулнақд!.. Ба тағоиям бошад, мегӯям, ки мисли ҳарвақта сисӯмӣ фурӯхтаам. Ҳатто метавонам гӯям, ки имрӯз дар бозор карасин бисёр будаасту бистуҳаштсӯмӣ фурӯхтам! Кӣ дониста шиштааст?
Ман ҳанӯз ба бозори карасин нарасида, қарор додам, ки ҳар як литри карасинро сивупанҷсӯмӣ мефурӯшам.
Вале чанд қадами дигар монда, ба қарори худ ислоҳ дароварда гуфтам, ки сивупанҷсӯмӣ неву сивушашсӯмӣ мефурӯшам, зеро барои касоне, ки танҳо ним литр карасин мегиранд, ним сӯм майдаро аз куҷо меёбам?
Човаю қуттии нимлитраи консерваро ба замин монданам ҳамон дар гирди сарам харидорон ҷамъ шуданд.
Нархе, ки ман имрӯз ба моли худ монда будам, хеле калон буд, аммо харидорон илоҷе надоштанд. Бозори ман зуд авҷ гирифт.
Дастам ба дастам намерасид. Фурсати сархорӣ надоштам. Дар як сония қуттии консерваро пур мекардаму зуд онро ба човаи харидор холи карда, пулро дар бағал меандохтам. Харидоре аз пеши ман дур нарафта, харидори дигаре пайдо мешуд. Аммо, чунон ки мегӯянд, «фалокат аз таги по мебарояд».
Чова қариб холӣ шуда буд, ки як занаки фаранҷидор ним литр карасин гирифта, ба ман якта бистсӯмаро дароз кард. Ман мебоист ба ӯ ду сӯм гардонда диҳам. Аммо ҳамин қадар кофтам, ягонта ҳам яксӯмӣ наёфтам.
– Холаҷон, – гуфтам ба занак, – як дамакак истода истед, ҳозир ягон кас биёяд, пули майда медодагист.
Занак ҳам гап назада, дар болои сарам рост истод.
Баъди ӯ як марди лӯндаи ҷомапӯш омад. Аз афташ шитоб доштааст, ки нархи карасинро ҳам напурсида гуфт:
– Як литр рез, писарам!
Қутии консервро ба човааш холӣ карда истода будам,

пешина
аз 130
навбатӣ