Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба худаш чой рехт. Саросема нашуда, чои гармро пуфпуфкунон пиёларо холӣ кард.
Гумон мекардам, ки агар боз як дақиқаи дигар гап назада нишинад, дилам торс мекафад.
Аммо ӯ бо оҳистагӣ, шитоб накарда, пиёларо боз аз чой пур намуда, ба ман дароз кард. Ман пиёларо гирифта бо як иштиҳои тамом ба лабам бурда будам, ки дар охир кафид.
– Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро! – маро як қад парронда гуфт ӯ бо як навъ хандаи шикоятомез. – Қандатона хӯред, ҷиянам, қандатона хӯред!.. Моро ба як нӯл задед, қоил мо!
Боз хеле вақт хомӯш шуда монду баъд бо оҳанги дигар, бо оҳанги ҷиддии дурушт гуфт:
– Ту тағотро чи фаҳмидӣ, Ҳасан? Дониста бош, ба гӯшат ҳалқа карда овез, ки маро фиреб медодагӣ одам ҳоло аз шиками модараш зоида нашудааст! Хандиданба ёзидӣ-дия! А? Тағот рӯзи мурданаша намедонаду халос, набошад дар таги замин мор ҷунбад – мефаҳмад! Ман ба ту роҳ нишон диҳам, пул диҳам, ки ризқу рӯзиатро ёфта хӯр, ту ба ҷои раҳмат маро аллонӣ-а? Тушбераро хом шумурдӣ, бача! – баъд якбора овозашро паст карда, фармон дод:
– Ин ҷо те пула! Канӣ!
Ман даст ба бағал дароварда, пулҳоро як қабза кардаму ба пеши ӯ партофтам.
Тағоиям пулро гирифта ба кисааш андохту нохост ханда кард.
– Ҳа, устокор! – гуфт ӯ.
Ман бо ҳайрати беандоза ҳис кардам, ки дар овози ӯ дар баробари коҳишу сарзаниш як оҳанги таҳсинкоронае ҳам садо дод.
...Бовариам намеомад, ки аз Абдулатиф-тағо ин хел осон халос хӯрдам, вале ӯ на дар пеши модарам гуноҳи маро ошкор кард (ки ман хусусан аз ҳамин метарсидам), на ягон маротиба ин кори маро ба хотир оварда таъна кард. Баръакс, баъди ин воқеа ӯ маро гӯё бештар дӯст медоштагӣ, бештар ҳурмат мекардагӣ шуд. Ҳатто, баъзан

пешина
аз 130
навбатӣ