ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
МУКОФОТИ ҚАДРШИНОСӢ
Баъди гашта омадани Қосимҷон тағоиям ба ӯ тамом дигар хел муомила мекардагӣ шуд. Ба Қосимҷон гапи сахт намезад, озор намедод, ба ӯ «уко», «укоҷон» гуфта муроҷиат мекард. Ҳатто, Қосимҷон гап назада бошад ҳам, ба гӯри Ҳотам лагат зада, як курта-эзори нав карда дод.
Ман шодӣ мекардам, ки тағоиям акнун ба қадри шогирдаш мерасидагӣ шудааст, ба ӯ ғамхорӣ мекунад.
«Аз як ҷиҳат қаҳр карда рафтани Қосимҷон ҳам дуруст будааст, – мегуфтам ман дар дилам. – Қадрашро шиносонд!...»
Қосимҷон ҳам розӣ менамуд. Дар лабаш бештар ханда медамид.
Аммо шодиҳои ман бармаҳал будааст.
...Абдулатиф-тағо кайҳо аз касалӣ хеста, кори чойхонаро боз ба дасташ гирифта буд.
Як рӯз ба шаҳр рафта, чун одат, шаб дар хона мондам.
Пагоҳии рӯзи дигар мева гирифта, пеш аз ношто ба Зарчашма гашта омадам.
Борамро дар назди дари хонача монда ба чойхона рафтам. Дидам, ки дар назди самовор тағоиям нишастаасту Қосимҷон бошад, наменамояд.
Ман аз дасти тағоиям калиди хоначаро гирифта истода пурсидам:
– Қосимҷон канӣ?
– Қосим? Қосим рафт, – гуфт дар ҷавоб тағоиям ва каме фикр карда эзоҳ дод:
– Қишлоқашро ёд кардааст, ҷавоб гирифта рафт.
Чун дид, ки ман аз ӯ чашм наканда дар ҷоям рост истодаам ва гӯё ба суханаш бовар намекунам, қатъитар карда гуфт:
– Рав, ҷиянам, бевақт нашуда молатро пул кун, баъд гапзанон мекунем.
Тамоми он рӯз ҳушам ба Қосимҷон буд.
Мева баркашида медодам ё пул мегирифтам, ба чойхӯрон чой бурда медодам ё самоворро об пур мекардаму

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё