ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
аммо худ намедонистам, ки чӣ кор карда истодаам:
дар пеши назарам чеҳраи маъсуму маъюсонаи Қосимҷон, чашмони ғамгини ӯ меистод.
Ман ҳис мекардам, ки тағоиям ба ман рости гапро нагуфт, пай мебурдам, ки дар таги коса нимкосае ҳаст, «Қосимҷон ба ихтиёри худаш нарафтааст» – мегуфтам ман, аммо боз худро тасаллӣ дода мегуфтам, ки шояд гапи тағоиям рост бошад, шояд Қосимҷон аз ростӣ қишлоқашро ёд карда бошад? – Аммо дар қишлоқашон ягон каси наздик надоштани Қосимҷонро ба хотир меовардаму боз ба шубҳа меафтодам, боз дилам ба ҳазор кӯча даромада мебаромад.
То охири рӯз ягон фурсат нашуд, ки воқеаро аз тағоиям дурусттар пурсида гирам. Акнун, ки Қосимҷон набуд, на тағоиям ба сархорӣ вақт дошт, на ман.
Аммо бегоҳӣ, баъд аз кори чойхона, тағоиям боз ҳамон гапҳои пагоҳинаашро такрор кард, ки Қосимҷон худаш рафтанӣ шудаасту вагарна тағоиям ба ӯ ягон гапи пасту баланд назадааст.
– Ба ман ҳеҷ чӣ нагуфтааст? – пурсидам ман бо умед.
– Не, ҷиянам,: – гӯён ҷавоб дод тағоиям ва оҳе кашида ва бо ҳасрат даст ба зонуяш зада гуфт:
– Оҳ, ҷиянам!... – Ҳазор ҷоната фидо кунӣ, ки боз ҷигар-ҷигару дигар-дигар будааст! Ҳамин қадар гуфтам, ки ҳо, бача, нарав, дар қишлоқат чӣ номаъқулӣ мекунӣ?
Не, «юҳ, меравам» гуфту истод. Ман ҳам, масалан гӯем, зорӣ дорам, ки зӯрӣ не, ҷиянам. Дидам, ки нашуд, монам, ки равад. «Хайр, – гуфтам, – рав, аз ин ҷои беҳтарро, ки ёфта бошӣ, рав!»
Гапҳои тағоиям ба назарам рост намуданд. Дар ҳақиқат агар Қосимҷон ду пояшро ба як мӯза қава карда «меравам» гуфта бошад, тағоиям ҳам чӣ кор карда метавонист?
Аммо Абдулатиф-тағо косаашро лесида шуда боз гуфт, ки:
– Лекин, рости гап, ҷиянам, рафтанаш ҳам бад нашуд.
Вақтҳои охир дилу бедилон, нӯг-нӯги даст кор мекард, аз кори чойхона дилаш хунук шуда буд...
Ин гапҳоро шунида боз ба шубҳа афтодам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё