Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хуб, гуфтем, ки ман тағоиямро аз хобаш хезонда, доду фарёд бардоштам. Аммо ин хел як одами сангдил, ин хел одами бераҳм оё ба гапи ман гӯш медиҳад? Ба гапи ман даромада Қосимҷонро гардонда мебиёрад?
Хаёли хом!
Ханда мекунаду мегӯяд, ки ман, масалан гӯем, девонагӣ накунаму ба ҳар дег кафлес нашавам ва ба ҳар нон ҷазза ва беҳтараш, ки рафта хоб кунам.
Аз ӯ гапи мебаромадагӣ ҳамин.
Айёр, фиребгар, морбоз...
Морбоз...
Ба сарам ногоҳ фикре расид: ба пеши Шокиртароша равам- чӣ?
Дуруст аст, ки Қосимҷон ба гапаш надаромада, ӯро хеле хафа кард, аз худ ранҷонид, аммо охир ӯ Абдулатиф-тағо нест, одами дигар аст, бояд фаҳмад, ёрӣ диҳад!
Ман боз ҷон гирифта, аз остонаи дари хоначаи тағоиям ҷаҳида ба кӯча фаромадаму ба сӯи хобгоҳи коргарон давидам.
Шокиртароша хоб будааст, тирезааш торик буд. Аммо ӯ маро бисёр интизор накард, дарашро даррав кушода чароғ даргиронд.
Вай ба ман, ки ҳашшосзанон нафас мекашидам ва аз сару рӯям арақ мерехт, лаҳзае хоболудона назар карда истоду ҷомаашро, ки ба китфаш партофта буд, дуруст карда гуфт:
– Ҳа, чиба истодӣ? Модом, ки омадӣ – даро! – ва дарро аз паси ман пӯшида хамёзае кашиду паси столро нишон дод:
– Ку, бишин!
Баъд худ дар муқобили ман, дар он тарафи стол нишаста ва ба ҷомааш сахттар печида бо оҳанги истеҳзоомез гуфт;
– Хӯш, ҷияни Латиф! Кадом шамол парронд? Ба тарафҳои мо омада мондӣ?
Ман чизе нагуфта хати Қосимҷонро, ки ҳанӯз дар дастам буд, ба ӯ дароз кардам.
Шокиртароша хатро гирифта лаҳзае бо тааҷҷуб ба сӯи ман нигоҳ карда истоду баъд аз ҷояш нахеста ба болои сараш – ба токчаи сари стол даст дароз карда, аз он ҷо айнакашро гирифт.

пешина
аз 130
навбатӣ