Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳм! – гуфта монд ӯ хатро хонда шуда ва аз ҳамон токча як носдони нуқракӯбро гирифта нос кашиду ришчаашро дошта хеле вақт хаёл карда монд.
Баъд, гӯё ба як қароре омада, хатро ба пеши ман партофту гуфт:
– Хӯш, чиба пеши ман омадӣ, ҷияни Латиф? Аз ман чӣ мехоҳӣ?
– Овардан даркор Қосимҷона, – гуфтам ман оби даҳонамро фурӯ бурда.
Шокиртароша шартӣ рӯяшро ба тарафи ман гардонда бо қиёфаи тамасхуромез ва овози баланд тез-тез гап зада гуфт:
– Чия?! Овардан даркор? Қосима? Ҳа, устокорҳо! Чӣ, кори чойхона бе Қосим раҳ нарафта монд? Даркор бошад, рав, худат гирифта биёр, ана вай хушмӯйлаби туро фиристодагӣ гирифта биёрад!
Ман оҳиста гуфтам:
– Мана Абдулатиф-тағо нафиристодааст. Ман худам омадам.
Аммо Шокиртароша ҳамчунон бо оташинӣ ба гапаш давом медод:
– Худат омадӣ ё вай рӯбоҳ туро фиристодааст – чӣ фарқ дорад? Алихӯҷаю Хӯҷаалӣ! – баъд якбора ором шуда, секин-секин, гӯё ба худаш гап зада гуфт:
– Вай ландаҳури ношуд, вай фариштаи аз зоида шуданаш пушаймон, вай хари аҳмақ кирои оворагӣ ҳам намекунад. Даъвогари суст қозиро муттаҳам кардааст.
Аҷаб мекунад тағот, хуб мекунад. Қандаша занад!
Шокиртароша боз нос кашиду ба тиреза нигоҳ карда монд.
Ман, ки ба умеди оташ омада аз оташгиракам ҳам ҷудо шуда будам, тамом моту мабҳут, тамом гаранг шуда менишастам.
Охирин умед ҳам аз даст рафт. Акнун чӣ кор кунам? Ё худам Қосимҷонро кофта равам? Аммо ба куҷо? Роҳи қишлоқи ӯро надида бошам...
Ин буд Шокиртароша маро як қад парронда дод зад:

пешина
аз 130
навбатӣ