ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Ноодамие, ки ӯ дар ҳаққи Қосимҷон раво дида буд, ҳеҷ аз хотирам намерафт. Ман худ ба худ мегуфтам, ки агар лозим ояд, вай маро, ҷияни худашро ҳам, бе ҳеҷ як истиҳолаву рӯихотир аз хонааш зада пеш мекунад.
Хафаву бедимоғ мегаштам, дамдузд шуда будам.
Кӯшиш мекардам, ки ба чашми тағоиям камтар намоям, гап пурсад – ҷавоб медодам, – вагарна-не. Хулласи калом, аз ӯ тамом дилмонда шуда будам. Ҳатто, бар рӯяш «тағо» гуфта гап занам ҳам, дар ғайбаш ба «тағо» гуфтан ҳеҷ забонам намерафт ва ман дигар ӯро дар дилам танҳо «Абдулатиф» гуфта ном мегирифтам.
Абдулатиф ҳам гӯё инро ҳис мекард, аммо сир намедод.
...Пештарҳо ман ҳанӯз ба дари ҳавлиамон нарасида, ҳаракати гашта ба Зарчашма рафтанро мекардам, аммо акнун кӯшиш мекардам, ки ягон баҳонае ёбаму як-ду рӯзи дигар дар шаҳр монам…
ҲАСАД
Қосимҷон боре аз як китоби арабӣ шеър хонда гуфта буд, ки «касеро бахт баргардад, шикаст андар шикаст афтад».
...Як бегоҳӣ аз мошин фаромада, ба кӯчаи худамон рост шуда будам, ки аз пеш Карим, ҳамон ҳамсоя ва ҷӯраи худам Карими Калпеса баромада омад.
– Ҳа, савдогар, – гуфт ӯ маро дидан замон.
Аз рӯзе, ки ман ба Зарчашма рафтуомад мекардагӣ шудам, вай ба ман ҳамин тавр «савдогар» гуфта хитоб мекард. Ман ҳам, ки на аз рӯи кина гуфта шудани ин суханҳоро мефаҳмидам, хафа нашуда, дар ҳол мегуфтам:
« – Ҳа, бекорхӯҷа!»
Аммо ин дафъа ҷавоби ман дар даҳонам монд.
Дар тани Карим ба монанди корҷомаи коргарон як камзӯлчаи кабуди сатин буда, тарафи пеш ва гирди остинҳои он аз ранг сиёҳ шуда буд. Дастони Каримро низ ранг сип– сиёҳ карда буд. Дар як тарафи рӯяш ҳам як доғи сиёҳи дарозе нақш ёфта буд. Карим гӯё дигархелтар шуда, ба назарам аз будаш калонсолтар, сипоҳтар менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё