Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳой, ландаҳури дуввум! Ҳамин хел шиштан мегирӣ?
Мемонӣ ё намемонӣ одамҳо хоб кунанд? Ба хаёлат ҳама ту барин бекор ҳастанд? Хез, аробаатро каш!
Ман ҷаста аз ҷоям хестаму тирвор худро берун задам.
Берун баромада дақиқае ҳайрон истодам, баъд сояамро базӯр кашида ба сӯи чойхона равон шудам.
Оҳиста рафта болои боми чойхона баромадаму рӯ ба осмон дар ҷогаҳ дароз кашидам.
Қосимҷони берӯзӣ... ҳозир дар кучо бошад вай?
Боз ба дари ягон одамӣ бегона рафта даромада бошад? Ё ҳанӯз ҳам ба қишлоқашон нарасидаасту дар ин шаби тираву тор дар кадомин як пайраҳаи кӯҳистон қадам мезанад?
«Ношуд, ландаҳур» гуфт нав ӯро Шокиртароша.
Чаро баромада рафтан гирифтӣ? Наход дар Зарчашма ғайр аз чойхона ҷои дигаре ва ғайр аз тағоии қадрношиноси ман одами дигаре ёфт нашуд? Ақаллан то омадани ман сабр мекардӣ, ду кас шуда ягон илоҷе меёфтем, охир...
«Одам, ки бадбахт шуд, ба ӯ дигар рӯзи беҳбудӣ набудааст» мегуфт Қосимҷон.
Наход гапи ӯ рост бошаду дар дунё раҳму шафқат, ҳақиқат гуфтанӣ чизҳо набошад?
Нафасам танг шуда, гулӯямро чизе фишор медод.
Шаҳрро гӯё об бурдааст, чор атроф – хомӯшӣ, пашшае пар намезанад. Танҳо шаввоси дарёча ба гӯш мерасад.
Он ҷо оби беқарор сар ба сангҳои хоро зада, нолаву афғон мекунад...


Баъд аз он ки Қосимҷон ба қишлоқашон баромада рафт, Зарчашма дар назари ман ҳусну ҷозибаи пештараашро гум карда буд. Дар Зарчашма ман дигар ягон ҳамдаме надоштам, ки ба ӯ дарди дил кунам, дигар касе набуд, ки ба ман шеъру афсона гӯяд, саргузашташро нақл кунад.
Чойхона ҳам ба назарам сел рӯфтагӣ барин, ноободу холӣ менамуд.
Бо тағоиям ҳам муносибатам сард шуда буд.

пешина
аз 130
навбатӣ