Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ ки дар газета расмеро дидам, ҳайрон мешудам, ки онро чӣ хел мекашида бошанд. Охир ба чунин қарор омада будам, ки дар газетахона як мошини махсусе мешаваду шахсеро, ки расмаш ба газета бояд барояд, дар рӯ ба рӯи ҳамон мошин оварда мешинонанд ва он мошин барои ҳар як нусхаи газета як бор сурати он шахсро мегирад. Лекин боз дар дилам шубҳа пайдо мешуд, ки хуб, гуфтем, ки сурати хонаву иморатҳо, сурати дарёву кӯҳҳоро чӣ тавр мекашанд? Кӯҳ, ё дарёро ба пеши мошини газетахона оварда намешавад-ку, охир!
Хулоса, ин чиз барои ман як муаммои сарбаста буд.
Вале Карим ба саволи ман ҳеҷ фикр накарда гуфт:
– Клише мекунанд-дия!
– Чӣ мекунанд? – гуфта пурсидам ман ки аз гапи ӯ чизе нафаҳмида будам.
– Клише, ҳафтафаҳм! – гуфт Карим мисли муаллимҳо гап зада, аммо ногоҳ даст афшонду илова кард:
– Зӯр назан, то ба чашмат набинӣ – намефаҳмӣ, – ва таклиф кард, ки: – Агар хоҳӣ, пагоҳ охирҳои кор биё, ҳамаашро нишон медиҳам.
Ман хурсанд шуда гуфтам, ки албата меравам, вале ба ҳар ҳол аз рӯи эҳтиёт пурсидам, ки маро ба он ҷо роҳ медода бошанд?
– Ман, ки гуфтам – тамом, мондан мегиранд! – гуфт дар ҷавоб Карим, аммо бояд аз ҳад боло рафтанашро ҳис карда бошад, ки худашро дошта натавониста баланд хандида фиристод.
– Расо калонгап шудаӣ-мӣ? – гуфтам ман ҳам хандида.
– Гард, оббозӣ мекунем, – гуфт Карим ба ҷои ҷавоб, – ман ҳоло сару рӯямро шустагим не.
Ман ҳам лингаву сабадамро бурда ба хона партофтаму ба лаби дарё фаромадам ва мову Карим то фурӯ рафтани офтоб оббозиву обпошӣ кардем.
Карим аз дидани ман шод бошад, хурсандии ман дучандон буд: ҳам шодӣ мекардам, ки Каримро дидаму мисли пештара бо ӯ шӯхиву бозӣ мекунам, ҳам хурсанд будам, ки бо баҳонаи тамошои газетахона боз як рӯзи дигар дар шаҳр мемонам.
Аммо афсӯс, ки шодиву хурсандии ман аз биниам баромад.

пешина
аз 130
навбатӣ