ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Рӯзи дигар наздики корбаро ба газетахона рафтам, ки Карим ба таги дарвоза баромада истодааст.
– Як ҳафта баъд меомадӣ ҳам мешуд! – гуфт ӯ ки аз афташ хеле интизор шуда будааст.
Мо аз қаровулхона гузашта, ба рӯи ҳавлии газетахона баромадем.
Рӯи ҳавлии корхонаро, ки сар то сар хиштфарш буда, тоза рӯфта шуда буд, биноҳои сурхи хиштини газетахона монанди ҳарфи «П» аз се тараф иҳота карда буданд. Аз нисф зиёдтари рӯи ҳавлиро ток соя мекард.
– Ангур пухтааст-ку!- гуфтам ман бар болои сарам назар афканда.
– Лекин ангури мо намефурӯхтагӣ-дия, тақсир! – гӯён ҳазл кард Карим.
Мо рост ба пешгаҳи ҳавлӣ рафта, аз дари калони кушодагӣ дохили бино гардидем.
- Ман аз остона гузашта, дар ҷоям истода мондам.
Дар сар то сари хонаи дарози сертиреза қуттиҳои чӯбини партамонанд, вале аз парта баландтар ба тартиб қатор гузошта шуда буданд. Дар рӯи ҳар як қуттӣ боз як қуттии борикак, вале паҳн ва монанди орухона серхоначае меистоду ҳар як хонача аз оҳанпораи майдамайдаи сиёҳу равғанин пур буд. Дар сари бисёрии қуттиҳо коргарон хам шуда, бо он оҳанпораҳо ким-чӣ коре мекарданд. Аз ҳар тараф, аз сари ҳар як куттӣ чириқ-чириқ садои маҳине ба гӯш мерасид, ки хониши гунҷишконро ба хотир меовард.
Ба машом як бӯи аҷоибе мерасид, ки ҳам бар бӯи карасин монанд буд, ҳам бар бӯи оҳан ва ҳам бар бӯи мум.
– Ана ҳамин ҷо сехи мо, сехи ҳуруфчинӣ! – бо ғурур хитоб кард Карим ва аз остини ман кашид, ки «рафтем!»
Вай маро ба як кунҷи сехашон гирифта бурд.
– Ана ин кассаи ман! – гуфт ӯ дар пеши як қуттии партамонанд истода. – Ана ин тагангӣ қуттии калонаш – реал, ана ин хоначадораш – касса! – гӯён ба ман фаҳмонд ӯ,
– дар ин хоначаҳо бошад, ҳарф меистад. Мана бин! – ва ӯ як дона оҳанпораро гирифта ба дасти ман дод.
Ҳарфе, ки Карим ба дасти ман дод, ба донаи гӯгирд монанд буда, аммо аз донаи гӯгирд кӯтоҳтар ва хеле паҳнтар буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё