ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Якбора дилам ким-чӣ хел шуда рафт, гум зад; ҳис кардам, ки чашмони ман ҳам тар шудаанд.
– Буваҷон1! – гӯён дастонамро ба гарданаш ҳалқа кардам.
...Мани нодон тарсида будам, ки маро мезанад, коҳиш мекунад. Аммо ба ҷои ин аз ӯ дӯстдорию навозиш дидам...
Модар маро ба рӯи суфа шинонида, тамоми ширинию мевае, ки дошт, ба наздам бароварда монд ва беист маро ба хӯрдан маҷбур мекарду худаш чашмашро аз ман канда наметавонист, гӯё ки маро як умри дароз надида бошад. Баъд ӯ аз ман оҳиста ва бо эҳтиёт пурсид, ки куҷо рафта будам, чӣ кор кардам. Ман саргузашти худро чала-чулпа, кӯтоҳакак карда гуфта додам.
Модарам низ дар навбати худ ҳикоят кард, ки чӣ тавр маро кофтааст, чӣ тавр хуни дил хӯрдааст.
Маълум мешавад, ки ба чаҳор тараф кас мондаанд, ба такшилотҳо хабар додаанд, аммо дараки маро аз ҳеҷ ҷо ёфта натавониста, охир ба ҳамин фикр омадаанд, ки ман худамро ба дарё партофтаам...
Ман шикамамро сер карда, ба хона даромадаму худро ба рӯи бистар партофтам ва бо ҳамин хобиданам то пагоҳии рӯзи дигар хоб кардам.
ҲАВЛИИ МО, ҲАҚҚУ ҲАМСОЯҲО,
ДӮСТИ БЕҲТАРИН
Аз хоб маро ғурунг-ғурунги ду кас бедор кард.
Чашмамро кушода гӯш андохтам.
Яке овози модарам буд. Дигаре овози тағоиям Абдулатиф. Овози модарам хаставу хафа мебаромад. Бечора, бояд хуб гириста бошад... Аммо овози тағоиям мисли ҳарвақта ором, як хел буд. Абдулатиф овози форам ва гӯё ширадоре дошт; ҳар гоҳ, ки гапзании ӯро мешунавидам, беихтиёр гумон мекардам, ки дар таҳи забонаш пораи қанде гузоштаасту қандпора овози ӯро ширадор ме-
- Бува – модар, оча.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё