Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд хамёзаи дарозе кашиду чашмонашро молида гуфт:
– Чунон монда шудаам, ки Муҳаммадҷонов... – Вале чашмаш ба девор, ба соат афтода, ногоҳ хитоб кард.
– Ӯҳ! Ҳозир бисту сеюм ба роҳ мебарояд! – ва ғалладони столашро қулф карда истода, ба милитсионер гуфт:
– Ту дар ҳамин ҷо бош, Муҳаммадҷонов. Ман ана ин «фронтчӣ»-ро гусел карда монам!
...Пас аз фурсате ин марди аҷоиб, ки ба дағалиаш ҳам тараф набуду ба нармдилиаш ҳам, маро ба дасти кондукторон супурда гуфт, ки «инро дар Чорчинор мефарорӣ»
ва бори дигар насиҳаташро ба ман такрор карда, ба кораш рафт.
Дақиқае нагузашта поезд ба роҳ даромад, вале акнун ман на ба сӯи фронт, балки баръакс, ба сӯи Чорчинор равона будам ва манзараҳои паррон-паррону «урра»- гӯии ҷангро не, балки гиряю нолаи модарам ва хандаю масхараи ҷӯраҳоямро ба пеши назар меовардам.
Оҳ, дунёи бевафо!


Рӯзи дигар, қариби пешин ман боз дар назди дарвозаи яклабашуда ва ғиҷирросии ҳавлиамон меистодам.
Дудила будам. Даромадан ё надаромаданамро намедонистам. Бо кадом рӯ ба ҳавлӣ дароям! Модарам бисёр коҳишу сарзаниш мекарда бошад? Кошкӣ, бо ду-се мушт хӯрдан халос мешудам!
Хайр, ҳарчӣ бодо бод!
Дарвозаро бо поям тела дода кушодаму гӯё ҳеҷ гуноҳе накарда бошам, афту башараамро ҷиддӣ карда, дохили ҳавлӣ шудам.
Модарам, ки дар як лабаки суфа бо сари хам, як нӯги рӯймолашро газида ғарқи хаёл шуда менишаст, ногоҳ маро дида, чашмонашро калон кушоду дар ҷояш тахта шуда монд.
Баъд аз ҷояш парида хесту омада худашро ба гардани ман партофт.
– Ҳасан!.. Бачаякам!.. Гӯр мани бефаҳму фаросат шавам, туя задам... – мегуфт ӯ якзайл ва қатраҳои сӯзони оби дидааш сару рӯи маро тар мекард.

пешина
аз 130
навбатӣ