Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷанг ва ғорати мудаввом ва дар яклухтӣ бигирем, Осиёи Миёна ба як ҳайҷои бузург шабоҳат дорад, ки шиҳаи асп ва шақароси шамшер ҳеҷ хомӯш намешавад; ва халқ на амният дорад ва на осоиш, ва фурсате намеёбад, ки даст ба ободӣ занад…
Биҳиште дар рӯи замин бошад ҳамин Осиёи Васат аст, вале ба дасти саҳроиҳо афтодааст. Ба қадри ин замину об ва ҳавою офтоб намерасанд. Алҳол мулк хароб, мардум сарсону саргардон, кӯча, чойхона ва бозор пури гадо, ва сухани ростро фақат дар ғайбатхонаҳо мегӯянд, ва мафҳумҳои Ҳаққу Ҳуқуқ вуҷуд надорад; ва Амиру Вазираш суволич – аққалан як корхонаи сӯзанбарорӣ надорад, ки аҳолӣ гиребони даридаи ҷомаву куртаашро бидӯзад, ва зовуди собунпазӣ насохтааст, ки беваю бечора қарқи гардан бишӯяд. Буду шуди ҳиммат ва ҳунари Амир бадин поя –паша бардорад, ба Ҳиндустон барад! – вале нозу савлаташ ба ситора дакка мезанад – фил бардорад миёнаш бишканад!
Арки Амир аз ҷондор, маҳрамбача, пешхидмат ва хонсолору охурсолору чароғдору боз намедонам кадом як бало, пуропур, вале ба Ҷаноби Олӣ ҳамаи ин кам. Сарбории он ҳама чандин мумайиз таъин кардааст – як нафар масъул аст, ки аз тарафи ӯ ба саломи дигарон алайк бигӯяд, як нафари дигар ба ҷои ӯ фотиҳа мехонад, як нафар ба ҷои ӯ гиря мекунад… ва баддаҳонҳо мегӯянд, ки ин тартиб ба ҳарамсарояш низ сироят кардааст»…

4
Дар шаҳр ва музофоти Русия чунин мақола ва рисолаҳоро мехонданду механдиданд, ва бовар намекарданд,

пешина
аз 435
навбатӣ