ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
ки дар рӯи олам ҳамин хел масхарадавлате бошад; ва дар Бухоро, дар чорбоғи Ширбадан, Қозикалон зиёфат медод
– ба ном хатнасур буд, вале дар асл мақсад хушомад гуфтан ва тӯҳфаю пешкаш додан ба Амир буд, то ки ӯро аз мансаб сабукдӯш накунад; ва дар ин зиёфат соф ашрофон даъват шудаанд, ва Ҳоҷӣ Тӯра ба Амир хабар кашид, ки Дӯстмурод дирӯз дар хонааш, ба як тӯда саҳроӣ, ки ба дидораш омадаанд, варсоқӣ хондааст ва гуфтааст, ки «Арки Бухоро давлатхона нест, ҳамоқатхона шудааст;», ва Амир хандид: «Вай девона, девона ҳар чӣ ба даҳонаш ояд, гуфтан мегирад;» вале ба дил гирифт ва дар хилват аз Қушбегӣ пурсид:
– Ҳамоқат гуфтанаш, чӣ гуфтанӣ гапаш?
Қушбегӣ даст ба сари сина монд:
– Ҳарчи ки Амирам гӯянд.
Ва бӯхчадор дар як хонаи нӯҳболор пасу пеш мерафт, вай ва дастёронаш тӯҳфае, ки ашрофон овардаанд, қабул мекард ва ҷинс ба ҷинс рах мезад; ва машшотаҳо дар кӯшк духтареро орову торо медоданд, ва ин духтарро Қозикалон шаб ба Амир пешкаш бояд бикунад; ва дастархондору бакавулу қассобу ошпазу ҳезумшикану дегшӯву табақбиёрон чун моку рафту омад доранд; ва Амиру Вазир ба сайри боғ баромаданд, ва ашрофон саф ба саф истода бо таъзими заминбӯс истиқбол мегиранду гӯсел мекунанд, магар Амриддини бозоргон, ки сарбаланду бовиқор истодааст; ва Шоир аз паҳлӯ ба ҳамаи ин расму одат, ба афту андомҳо бо тамасхур менигарад; ва ваҷоҳати Амриддини бозоргон ба Амир нафорид, ва ӯро даъват кард, ва дар ҳузури Қушбегӣ ва Ҳоҷӣ Тӯра ба вай фармуд;
– Ба мо матоъҳои нафис, камёб ва қимматбаҳо лозим шуд. Ба маблағи сесад-чорсад танга. Ба ӯҳдаи шумо гузоштем.
Сари баланди Амриддини бозоргон, дар як мижа задан, паст шуд–таъзими заминбӯс кард;
– Лутфи ҳазратам сари бандаашонро ба осмон расонид.
Зиёфат ҳафт шабонарӯз давом кард ва ҳамаи ин муддат дастархонҳо густурда буд, ва чил гӯсфанди парвоӣ куштанд ва ҳафт пуд бодом сарф шуд ва ҳафт дойра кафид ва панҷ ароба тӯёна ба хазина ва ду канизак ба ҳарами Амир фиристониданд; ва Қозикалон, ки гап-гапи маъзул шуданаш ба даҳонҳо афтода буд, дар мансабаш устувор бимонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё