ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Амир аз Бухоро ба Петербург нарасида ин ҳама насиҳату маслиҳатро фаромӯш кард. Вай ҳанӯз аз Бухоро набаромада ба худ гуфт, ки «дар байни инҳо боақлаш Шайхулислом. Дигаронаш ҳавойи даҳан. Акнун медонистагии онҳоро мо намедонистаем?! Агар ҳамаи гуфтаҳойи инҳоро мо ба Императури Аъзам гӯем, он вақт ун ҳама фурӯтаниҳойи мо назди он кас як пули сиёҳ мешавад. Ун ҳама кардаҳойи мо нокарда мешавад». Ва оҳанги маслиҳати Шайхулисломро нигоҳ дошту медонистагии худашро кард – се моҳи расо дар Русия савлат карда гашт ва дар ин се моҳ сад миллион пули русӣ ба боди фано дод ва ягон масъалаи давлатиро ба миён нагузошт, ва ба ягон театру аҷоибхонаву китобхона нарафт; ва коре, ки кард, ба як сафоратхона бунёд гузошт, ва сафоратхонаҳойи тамоми давлатҳойи рӯйи дунё кори давлатро кунанд, сафоратхонаи Бухоро зан меҷусту зан меёфт, ва занҳои қаҳбаро харида ва занҳойи солиҳаро фиребида, назди Амир меовард…
Ва дар аморати Бухоро ҷойи русҳо гармтар ва майдони ҷилваашон васеътар мешуд, – дар таги бинии шаҳри Бухоро, дар пояи адири Момоҷурғот, дар қади роҳи оҳан, шаҳре ба усули худашон сохтанд ва Когон ном монданд; ва дар ин шаҳр корхонаҳо бино карданд ва коргарони ин корхонаву сокинони ин шаҳр коргару тоҷиру афсару аскарҳойи худашон буданд. Ва Иван Иванович, ки пештар фаъолияти ҷосусиашро пинҳонӣ, дар ниқоби гиёҳшинос ва сайёҳи ҷуғрофия ба анҷом мерасонид, ва худро намозхону рӯзадор вонамуд мекард, ва ба ҳамсараш дар Петербург номаҳойи маҳрамона мефиристонид, ки «ман ба мулки одамони фиребгар ва дурӯя афтодаам ва бо таъсири хулқу хӯйи онҳо худам ҳам дар мунофиқӣ ва риёкорӣ хеле дастовардҳо дорам», акнун эҳтиёҷе ба ранггардонӣ надошт, ва мунофиқиву риёкориро лозим намедонист, ва мақсаду нияташро рӯирост мегуфт, ва даъвойи мусулмонӣ ба фаромӯшӣ рафт, ва аз урус буданаш мефахрид, ва шаҳна «садқа» гӯён пеш–пеши аспи ӯ медавид, ва дар бозору мазор ба сари одамону хару аробаашон тозиёна мебардошту тозиёна мезад, ва барои вай роҳ мекушоду роҳ холӣ мекард; ва Қушбегӣ «садқа» гӯён назди ӯ одоби таъзим ба ҷо меовард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё