ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ин ҳама диданиҳо алами англисҳоро меовард, ва онҳо дар кӯчаи шаҳрҳо ва дар роҳи тумонҳо ва дар деҳаву дараҳо ва дар ағбаву кӯҳҳо озоду дилпур гаштан, ва ба хоку оби ин сарзамин ҳамчун соҳиб нигаристани Иван Ивановичро дида, ба ғазаб меомаданд, ва бо дарду алам худ ва сарони давлати худро лаънат фиристониданд ва дашном доданд, ки «дар ғафлат мондем. Бозиро бой додем ба мужикҳо. Луқмаи фарбеҳ аз даст рафт».
Ва баъд аз ин ҳоле ки як вақтҳо Иван Иванович дар Мовароуннаҳр дошт, айнан ба сари Эрнер Эрстон омад, ки дар мақоми меҳмони нохонда ҷой гирифт, ва ҷома дигар кард – шайх шуд, қаландар шуд, тоҷир шуд, табиб шуд. Ва ҷунбиши шаборӯзиашро фаъол кард, ки ҳанӯз фурсат ҳаст, ҳанӯз имкони таъсир ба тамом аз даст нарафтааст, ҳанӯз пеши роҳи Русия санг мондан мумкин аст. Ва ҷойи поймонӣ меҷусту меёфт, – аз дуру наздик ба сиёсат ва ба иқтисодиёт ва ба иҷтимоиёти Бухоро сар мехалонд, ва даст дароз мекард, ва ба миёни дастоварди русҳо лагад мезад, ва аз байни умарову уламо дӯстон мехарид, ки дар корҳойи фардояшон ёр ва дастгир ва такиягоҳ бошанд, ва намонанд, ки урус бемалол ба даруни ин кишвар даромадан гирад, ва хокашро васеъ кардан гирад…
Ва Иван Иванович, чашму гӯши Петербург дар Осиёи Миёна, ин ҳама ташвишу тараддуди Эрнер Эрстонро медиду медонист, ва ба дастгоҳи Императори Аъзам ва ба генерал–губернатори Тошканд хабар медод, ва дӯстони харидаи Эрстонро ном ба ном менавишт, ва рӯҳияи аҳолиро далел меовард ва шаҳодат медод, ки «айни вақти кӯҳистони Зарафшонро фатҳ кардан аст».
Ва аз Петербург ба Тошканд, ва аз Тошканд ба Самарқанд, дастур расид ва губернатори Самарқанд, бино ба он дастур, тарҳи ду сафарро кашид, ки яке илмӣ ва ҳарбӣ ном гирифт ва дигаре соф илмӣ; ва қофилаи илмию ҳарбӣ, бо сарварии генерал Абрамов, ҷониби болооби рӯди Зарафшон рафт, ва қофилаи илмӣ, таҳти роҳбарии Иван Иванович, роҳи ҳавзаи Кешрӯдро пеш гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё