ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Дарди замони моро касе аз ин беҳтар нагуфтааст,– муҳандис дар ҷои нишастааш қомат рост гирифт.–Ман то ба имрӯз гумон мекардам, ки танҳо ҳастам. Дар байни галаи ҳамоқатпаноҳон, ки лофи аморатпаноҳӣ мезананд, бо дарду алами худ танҳо ҳастам. Акнун донистам, ки танҳо набудаам.
– Устод Шумо танҳо набудед, танҳо нестед.–Рӯзимурод ҳам дилашро кафонд. – Ҳокими Чорҷӯ ҳамин дардҳоро дошт, Қозии Шофирком аз пушти ҳамин дардҳо бадарға шуд, мардуми Балҷувон бо ҳамин дардҳо шӯриш карданд, мири Ҳисорро зада пеш карданд бо ҳамин дардҳо; ва боз майда чуйдаи бисёре. «Туро газад маро чӣ ғам!» Шумо гӯед, ман қувват намедиҳам. Ман гӯям, Шумо бетараф меистед.
Мемонад ҳар кас ба сари худ танҳо. Иллат дар фаҳмидани дардҳо нест, бисёриҳо мефаҳманд ин дардҳоро. Лекин якҷоя табобат карданро ёд нагирифтаанд. Иллат дар ин аст, ки дардмандон ҷамъият надоранд, дасти якдигарро намегиранд, пуштибони якдигар нестанд. Ба Ҳокими Чорҷӯ ҳукми қатл бароварданд, қозии Шофирком овози эътироз набаровард; қозиро бадарға карданд, мардуме, ки қозӣ ғами беҳбуди рӯзгори онҳоро мехӯрд, хомӯш истоданд; шӯриши Балҷувонро пахш намуданд, дигар вилоятҳо ба ҳимоя нахестанд; ва ҳамин тавр беохир.
– Бале, дарди бад. Андеша кардан даркор. Алҳол, Шумо, ки хати зебо доред, ин мусаддасро дар чанд нусха рӯбардор кунед. Ман ороиш медиҳам. Зарҳалкорӣ мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё