Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

5 Ва Амриддини бозоргон, буду шуди сармояашро сарф карда, аз барои Амир матоъҳои нафис ва камёб ва гаронбаҳо харид. Вай медонист, ки Амир ӯро барои сарбаланд будани хислаташ,хуш надорад ва ғоибона бад мебинад.
Акнун, ки чунин муомилаи хубро аз ӯ дид, пару бол баровард, ки «хайрият шуд, хусумати Амир аз байн рафт, таъқиби рӯҳӣ гузашт;» ва дар хариди матоъҳо ҳарчи ҳунар дошт ба кор бурд, ки дар сифат ва нусха нуқсе надошта бошад, ва дар кадом дӯконе як либосвории беҳтарин ёфт, гирифт, аз дигар ҷойҳо фармуда овард. Бо ҳавсала той баст ва ба Амир хабар дод, ки «аморатпаноҳам, борҳо муҳайёст, кай ва ба куҷо барам?»
Аморатпаноҳ дар беруни Арк як бозор сохта буд ва ҳар рӯзи ҷумъа одамонаш либосу палос ва қанду қурсеро, ки саломмуштоқони дарбор ба расми тӯҳфа овардаанду хазинабоб нест, дар ин бозор фурӯхта, пули нақд мекарданд; ва савдогарони ҳинду рус ҳам ба ин ҷо бор меоварданд ва шариатдонон, ки колои онҳоро ҳаром мегуфтанд, аз харидани борҳояшон ҳазар надоштанд, ва худи Амир ҳам парҳез надошт; ва Амир ба борсолораш супориш дод, ки «аз дунболи Амриддини бозоргон чор чашм канда набошад – ҳар матоъи хубе, ки мехарад, аз бозори беруни Арк ҳамрангашро ёбанду бихаранд»; ва борсолору одамонаш пай дар пайи Амриддин гаштанд, ва ҳар матоъе, ки ӯ ёфт, инҳо ҳам нусхаашро ёфтанд; ва Амир ба Амриддини бозоргон, ки ба боргоҳ даъват карда буд, дар ҳузури Қушбегӣ ва Ҳоҷӣ Тӯра гуфт:
– Мо аз гапамон намегардем. Он матоъҳо, ки фармуда будем, ба мо даркоранд. Лекин нархе, ки шумо мондед, қабули борсолор нашуд. Ҳамон чизҳоро аз ҷои дигар бо нархи арзонтар гирифт.
Чашмони Амриддини бозоргон сиёҳӣ зад, умед ва сарваташ дар як лаҳза барбод рафт. Вале сир бой надод, лобаву зорӣ накард, ва сархам аз боргоҳ баромаду рафт; ва ду дукон кушод дар бозори Чорсӯ, лекин савдояш барор

пешина
аз 435
навбатӣ