Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Танҳо бошад, як ҷомаи куҳнаро лӯнда карда, болиш сохта, ёнбош мекашад, ва роғ меравад, ва хоб меравад, ва вақт кӯр мекунад. Ду-се ва ё се-чор нафар бошанд, як табоқи калони чӯбро байн гирифта, ба шӯрбо, ё дӯғоба нон тарид карда, бо панҷ ангушт шакида мехӯранд, ва дастархонро нағундошта нос мекашанд ва нифаи эзорро кушода қабати чинҳо чизеро гирифта мепартоянд, ва як ракаат ё ду ракаат намоз мехонанд, ва рӯз кӯтоҳ мекунанд. Ва боре, ки вай танҳо буду пинак мерафт, бонкир омаду дар паҳлӯяш нишаст:
– Паҳлавон, чӣ ҳолу аҳволе доред?
– Шумо забони моро медонед?
– Медонам.
– Аҷаб?!
– Аҷобате надорад. Хонед, ҳар забонро ёд мегиред.
Ва баъд бонкир аз рафти сӯҳбат донист, ки номи ӯ Зокир будааст, ва соли таваллудашро намедонистааст, вале аз рӯйи мӯлҷар солаш саг будааст, ва ҳамин баҳор чилу шашро пур кардаст, ва ҳо ҳамон иморати хаспӯш, ки болойи бомаш ғарами шибоғ дорад, хонаи ӯст, ва панҷ фарзанд дорад, – ду писару се духтар ва гову бузаш ҳаст, ва Худо хоҳад, тирамоҳ як хар мехарад, чунки одами бехар, ба ҳукми одами бедасту пост…
– Дар мулки шумо замини коршоям бисёр, – бонкир мавзӯи сӯҳбатро дигар кард. – Замини ҳосилхез ҳаст, оби равон ҳаст, офтоби тобон ҳаст. Кореду ҳосил гиред. Ҳосили бисёр медиҳад.
– Ха, ҳосили бисёр дод, баъд чӣ?
– Баъд мефурӯшед, пул меёбед, хонаву даратонро обод мекунед.

пешина
аз 435
навбатӣ